20 май ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар 10-умин Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Балии Ҷумҳурии Индонезия баргузор мешавад, иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии форум Сарвазири мамлакат бо ишора ба тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бахши об ва ҳифзи муҳити зисту пиряхҳо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе 10-13 июни соли 2024 Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мешавад.
Ҳамзамон Сарвазири мамлакат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иштирокдорони форумро, ки аз зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон мебошанд, барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.
Ҳамчунин дар доираи форум мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Индонезия Ҷоко Видодо дар назар аст.