Бо дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором – ЭСКАТО (англ. UN Economic and Social Commission for Asia and the Pacific (UNESCAP) лоиҳаи «Суръатбахшии гузариш ба автомобилҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II» оғоз шудааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба татбиқи лоиҳаи ҳамкории техникӣ зери унвони «Суръатбахшии гузариш ба автомобилҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II» барои солҳои 2024 – 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба кори худ оғоз намуд.
Лоиҳа ҷиҳати мусоидат ба пешбурди минбаъдаи нақшаҳои миллӣ оид ба барқикунонии паркҳои нақлиёти ҷамъиятӣ равона гардида, дар фарҷоми татбиқи он дар назар аст, ки шабакаҳои озмоишии электробусҳо дар чор давлати мақсадноки кишварҳои узви Комиссияи мазкур, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шаванд.
Дар доираи лоиҳа дар Тоҷикистон харитаи роҳи минтақавӣ оид ба шаклҳои маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои гузариш ба нақлиёти барқии ҷамъиятӣ таҳия мегардад.
Инчунин дар доираи лоиҳаи мазкур дар давоми солҳои 2024 – 2026 аз ҷониби масъулини соҳа тадбирҳои зерин амалӣ хоҳанд гашт:
– Ташкили вохӯриҳо дар сатҳи миллӣ ва семинарҳои ҷонибҳои манфиатдор дар соҳа;
– Ҳамоҳангсозии механизми барқикунонии соҳа байни мақомоти дахлдор дар раванди татбиқи лоиҳа;
– Таҳияи арзёбии эҳтиёҷоти техникӣ, аз ҷумла таҳлили гендерӣ;
– Таҳияи тавсияҳои инфиродӣ оид ба имконот/механизмҳои қобили маблағгузории ҳаракат дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва имкониятҳои дохил кардани сармоягузорӣ ба рушди электромобилҳо дар кишвар;
– Таҳия ва татбиқи лоиҳаи озмоишии автобуси барқӣ дар яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон.