Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазиранд. Инчунин имрӯз дар Душанбе мулоқоти сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон Қоҳир Расулзода ва Олжас Бектенов баргузор хоҳад шуд.