Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад, дар ин бора Фирӯз Каримзода аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазиранд.

Инчунин имрӯз дар Душанбе мулоқоти сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон Қоҳир Расулзода ва Олжас Бектенов баргузор мегардад.