Чемпионати Испания: Барселона Валенсияро шикаст дод

Бозии даври 33-юми Чемпионати Испания, ки миёни дастаҳои «Барселона» ва «Валенсия», рӯзи 29-уми апрел баргузор шуд, бо пирӯзии каталониҳо хотима ёфт.

Голи аввали бозиро Фермин Лопес дар дақиқаи 22-ум ба самар расонида, ҳисоби бозиро кушод. Бо гузашти панҷ дақиқа аз голи аввал ҳамлавари дастаи Валенсия Уго Дуро бо як голи задаи худ ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 38-ум бошад нимҳимоятгари дастаи Валенсия Хосе Луис Гарсия Вайя тавассути зарбаи 11-метра гол зад ва ҳисоби бозиро 2:1 гардонид.

Қисмати аввали бозӣ бо пирузии Валенсия ба аноҷм расид. Дар қисмати дюми бозӣ бошад Роберт Левандовски дар ҳайати дастаи «Барселона» бо се голи задаи худ хет-трик кард. Ӯ голҳоро дар дақиқаҳои 49, 82 ва дақиқаи 3-уми иловагии бозӣ ду маротиба бо сар ва як маротиба бо зарбаи мустақими ҷаримавӣ ба самар расонид. Ба шарофати 16 голи футболбози лаҳистонӣ каталониҳо дар Ла Лига 17 имтиёз ба даст оварданд, ки беҳтарин натиҷаи мавсими худ мебошад.

Тавре Opta қайд кард, Левандовски аввалин бозигари «Барселона» аз соли 2005 пас аз Самуэл Это’О дар як бозии Ла Лига бо сараш ду гол задааст. Ҳамин тавр бозии дастаҳои  «Барселона» ва «Валенсия» бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи каталониҳо хотима ёфт. Ҳоло дар ҷадвали мусобиқоти Чемпионати Испания Барселона бо касби 73 имтиёз дар ҷои дуввум ва Валенсия бо 47 имтиёз дар мақоми 8-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4-уми май бошгоҳи Барселона бо дастаи Жирона ва рӯзи панҷуми май Валенсия бо Алавес вориди рақобат мегарданд.