Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дӯстонаву самимӣ ва заволнопазиранд

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуданд. Бо гузашти 32 сол метавон, бо итминон қайд кард, ки дар ин давра марҳилаҳои рушдро ду кишвар паси сар карданд. Маврид ба зикр аст, ки муносибатҳо бо ин кишвари ҳамсоя дар заминаҳои ҳамкориҳои гуногунҷанба, принсипи эътимоду баробарӣ, ва ба эътибор гирифтани мутақобилаи манфиатҳои миллӣ, принсипҳои дахлнопазирӣ ба масъалаҳои дохили якдигар, эҳтироми мутақобилаи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии Тоҷикистону Узбекистон ва пеш аз ҳама иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои дуҷониба асос меёбад.

Сардори Раёсати кишварҳои ИДМ- и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв рӯзҳои 18-19 апрел ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаааст. Дар ҳошияи ин сафар як зумра чорабиниҳо аз қабили Форуми соҳибкорӣ ва сармоягузории ду кишвар, Намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе, Рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунару анъанаҳои миллии кишвари ҳамсоя дар боғи Куриши Кабири пойтахт, Форуми занони Тоҷикистону Узбекистон, Форуми навбатии ректорони Донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон ва ниҳоятан конфронсҳои амалӣ -илмӣ дар масъалаҳои тавсеабахшии баъди муносибатҳои дуҷониба ба нақша гирифта шуда ва имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе баъзе ин чорабиниҳо доир шуда истодаанд. Ба гуфтаи Сардори Раёсати мазкур ду ҷониб ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон хеле омодагии хуб дидаанд ва дар ҳошияи сафар ба тасвиб расидани 28 санад ба нақша гирифта шуда, яке аз санадҳои муҳимтарин санади аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ мебошад. Ин ҳампаймонӣ сатҳи баландтарини муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатиро муқаррар мекунад ва ин дар асоси иродаи қавитарини сиёсии роҳбарияти олии ду кишвар таҳрезӣ шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки Тоҷикистон бо ду давлат – Русия ва Қазоқистон созишномаи муносибатҳои ҳампаймонӣ дорад. Имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ рӯзи 18 апрел, ки ба нақша гирифта шудааст, сатҳи муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан нав бардошта мешавад.,- зикр кард сардори Раёсати кишварҳои ИДМ- и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода зимни суҳбат ба мо. Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки мо интизор дорем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои минтақавиву байналмилалӣ мубодилаи афкори амиқ мекунанд. Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ду сафари таърихӣ – сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (9-10 марти соли 2018) ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон (16-17 августи соли 2018) ҳамагӣ 53 санади дуҷониба ба имзо расид. Ҳамзамон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10-11 июни соли 2021 сурат гирифт, барои таҳкими муносибатҳои ҳамаҷониба ва шарикии стратегии байни ду давлат аҳамияти хоса дорад,- таъкид кард Сардори Раёсати кишварҳои ИДМ- и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода.

Ҳамчунин Аҳмад Саидмуродзода илова кард, ки имрӯз гардиши мол байни ду кишвар бештар гардида истодааст. Бино ба иттилои номбурда умуман дар маҷмуъ Узбекистон яке аз шарикони стратегии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тули панҷ соли охир аст, ки Узбекистон дар панҷгонаи аввали шарикони тиҷоратии кишвари мо қарор гирифта ва ҳаҷми табодули савдо аз натиҷаҳои соли 2023 аз 500 млн то ба 600 млн доллари амрикоӣ расидааст, ки ин теъдод хеле зиёд аст. Сарони давлатҳо вазифа гузоштаанд, ки гардиши мол байни ду кишвар дар ояндаи наздик ба 1 млрд. доллари ИМА расонида шавад. Дар маҷмуъ аз соли 2018 то ба имрӯз байни ду давлат зиёда аз 150 санади байнидавлатӣ, байниидоравӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расидааст, дар ин фурсати кутоҳ чунин санадҳо хеле зиёданд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ – СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ ва МҲТБО ҳамкории муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд, изҳор дошт зимни суҳбат ба мо Сардори Раёсати кишварҳои ИДМ- и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода. Ногуфта намонад, ки Тоҷикистону Узбекистон бисёр ҳамкории зич дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ доранд. Сарони ду кишвар ҳамеша ҳавасманданд, ки абзоре, ки онҳо таъсис додаанд, таҳти унвони вохуриҳои Машваратҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ рушд ёбад ва натиҷаҳои саммити 5-уми ҷашнии Машваратҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки соли гузашта дар пойтахт доир гардид, инро собит кардааст,- зикр кард мавсуф .

Умуман, ҷараёни рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ба таъмиқи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои сиёсии байни ду давлат манфиатдоранд. Тоҷикистон омода аст минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаро бо Ӯзбекистон дар рӯҳияи эътимоди мутақобил, бародарӣ ва шарокати роҳбурдӣ таҳким бахшад.

Машраби Холмаҳмад,

Радиои Тоҷикистон