Имрӯз дар толори Кохи Истиқлол бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон бо доираи беш аз 500 нафар соҳибкорони ҳар ду ҷониб баргузор гардид.
Дар кори Анҷуман ҳайати баландпояи ду кишвар, намояндагон аз вазорату идораҳо ва кумитаю сохторҳои дахлдори ду мамлакат ширкат доштанд.
Зимни ифтитоҳи Форуми мазкур таъкид гардид, ки имрӯз дар доираи муносибатҳои дӯстона бо саъю талоши сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои дуҷониба дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар бахши тиҷорату сармоягузорӣ тақвият ёфта, ҳаҷми гардиши тиҷоративу иқтисодӣ таи се соли охир аз ширкатҳои Тоҷикистон ба иқтисоди Узбекистон 108 миллион доллар сармоягузорӣ гардида, аз ҷониби ширкатҳои Узбекистон ба иқтисоди Тоҷикистон 60 миллион доллар сармоя ворид гардид.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки баргузории Форуми имрӯза ба рушди муносибатҳои дуҷониба дар самти сармоягузорию тиҷоратӣ такони ҷиддӣ бахшида, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон боқӣ хоҳанд монд.
Олуфта Шарипова
радиои “Тоҷикистон”