Пас аз чанд лаҳза Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв бо сафари давлатӣ озими шаҳри Душанбе мегардад.
Сафари давлатии Президенти кишвари ҳамсоя ду рӯз идома ёфта рӯзи 19 апрел хотима меёбад,- иттилоъ дод ба радиои Тоҷикистон Сардори Раёсати кишварҳои ИДМ- и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода.
Бино ба иттилои манбаъ дар ҳошияи ин сафар як зумра чорабиниҳо аз қабили Форуми соҳибкорӣ ва сармоягузории ду кишвар, Намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе, Рӯзҳои фарҳангии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунару анъанаҳои миллии кишвари ҳамсоя дар боғи Куриши Кабири пойтахт, Форуми занони Тоҷикистону Узбекистон, Форуми навбатии ректорони Донишгоҳҳои Тоҷикистону Узбекистон ва ниҳоятан конфронсҳои амалӣ -илмӣ дар масъалаҳои тавсеабахшии баъди муносибатҳои дуҷониба ба нақша гирифта шуда ва имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе баъзе ин чорабиниҳо доир шуда истодаанд.
Дар маҷмуъ Узбекистон яке аз шарикони стратегии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тули панҷ соли охир аст, ки Узбекистон дар панҷгонаи аввали шарикони тиҷоратии кишвари мо қарор гирифта, ҳаҷми табодули савдо аз натиҷаҳои соли 2023 аз 500 млн то ба 600 млн доллари амрикоӣ расидааст, ки ин теъдод хеле зиёд аст.
Сарони давлатҳо вазифа гузоштаанд, ки гардиши мол байни ду кишвар дар ояндаи наздик ба 1 млрд. доллари ИМА расонида шавад. Дар маҷмуъ аз соли 2018 то имрӯз байни ду давлат зиёда аз 150 санади байнидавлатӣ, байниидоравӣ ва байниҳукуматӣ ба имзо расидааст, дар ин фурсати кутоҳ чунин санадҳо хеле зиёданд,- иттилоъ дод сардори Раёсати кишварҳои ИДМ- и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода.
Машраб Маликов,
радиои “Тоҷикистон”