Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид

Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи саноат дар вохӯрии муштараки Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Алексей Груздев дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки мусоҳибон масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин (Москва, 22 ноябри 2023 ва Қазон, 21 феврали 2024) баррасӣ намуданд.

Дар ин замина аҳамияти минбаъд ҳам вусъат додани талошҳои муштарак баҳри татбиқи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия, аз ҷумла таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни ду давлат, таҳкими робитаҳои саноатӣ байни корхонаҳои соҳавӣ, муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар намоишгоҳҳо махсус таъкид гардид.