Тоҷикистон мизбони боз як Ҳамоиши байналмиллалӣ – Конфронси Сеюми сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об хоҳад шуд, ки рўзҳои 10-13 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оид ба баргузории Конфронс ва омодагиҳо ба он бо кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ – сардори шуъбаи ҳамкориҳо дар масоили рушди устувори Раёсати хамкориҳои иқтисодӣ – хориҷӣ Нигина Зардова ва котиби сеюми ҳамин Раёсат ва узви котиботи омодагӣ ба Қонфронси 3-юм Таҳмина Ҳасанова ҳамсуҳбат гардидем.
Сарчашмаи баргузории Конфронси сеюми оби Душанбе аз куҷост?
Таҳмина Ҳасанова: – Тоҷикистон, ки кишвари дорои захираҳои фаровони об аст, бо ҳидоят ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори истифодаи оқилонаи захираҳои об тавассути роҳандозии ҳамкории созандаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Тоҷикистон бо роҳандозии густурдаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳадафи амалӣ намудани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайгирӣ мекунад, зеро пешбурди пайгирона ва ҳадафмандонаи дипломатияи об, ягона василаи эҷоди ҳусни тафоҳум ва ҳалли мушкилӣ дар ин самт аст. Чи тавре маълум аст, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои марбут ба об ва иқлимро бомаром пеш бурда истодааст ва дар ин давра аз ҷониби СММ бо ташаббуси Тоҷикистон 10 қатъномаи Маҷмўаи Умумии СММ дастгирӣ ёфтааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки 5 ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иттифоқи оро қабул намуда, дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим саҳми сазовор гузоштааст.
Аз ҷумла эълон намудани
– соли 2003 – оби тоза;
– 2005 – 2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”;
– 2013 – Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об;
– 2018-2018 – Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор”;
– 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.
Дар инҷо бояд нақши Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2028-2028-ро қайд намуд, зеро он маҳз барои баргузор намудани Конфронси таърихии СММ оид ба об дар соли 2023 заминаи устувор гузошт. Инчунин мавриди қайд аст, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” Тоҷикисон уҳдадориро ба дўш гирифт, ки дар ҳамкорӣ бо СММ ҳар ду сол конфронси байналмилалиро дар Душанбе баргузор намояд. Ва ин иқдом бо номи Раванди оби Душанбе муаррифӣ шудааст.
Шурӯъ аз соли 2018 Тоҷикистон ин платформаи муҳими байналмилалиро барои муҳокима ва баррасии ҳадафу вазифаҳои марбут ба об, инчунин Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ҳадафи 6 рушди устувор оид ба об ба ҷаҳониён пешкаш намудааст. Хушбахтона, 10-13 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мо дар ҳамкорӣ бо СММ тасмим гирифтем, ки дар доираи раванди Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», доир намоем.
Раванди омодагӣ ба ин Конфронс чӣ гуна идома дорад?
Нигина Зардова: – Корҳои тадорукотӣ ба Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об бомуваффақият идома доранд. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронс дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил гардидааст.
2 январи соли 2024 нахустин ҷаласаи Кумитаи миллии тадорукоти Конфронс таҳти раёсати Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода баргузор гардид, ки дар он ба тамоми вазорату идораҳои дахлдор оид ба омодагӣ ва баргузории он дастуру супоришҳо дода шуданд. Ҳамзамон, дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ Ситод оид ба омодагӣ ба баргузории Конфронс фаъолият дорад, ки дар он масъулон барои таҳияи барнома ва пайгирии раванди омодагиро корбарӣ намуда истодаанд. Инчунин бояд қайд кард, ки аз моҳи январ сомонаи расмии Конфронс фаъол гардонида шудааст ва дар он пайваста маълумоти дахлдор гузошта мешавад.
Асосан кадом вазорату идораҳои кишвар барои баргузории конфронс муваззаф гардидаанд?
Нигина Зардова: – Тибқи барномаи Конфронс баргузории форумҳо, намоишгоҳҳо, чорабиниҳои канорӣ, фарҳангӣ ва боздид аз мавзеҳои сайёҳии кишвар барои иштирокдорон пешбинӣ шудааст.
Аз ин рӯ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, дар он вазорату идораҳои масъул барои ҳар як самти мушаххаси фаъолият муайян карда шуданд. Интизор меравад, ки дар Конфронси сеюми Душанбе беш аз 1500 нафар иштирок хоҳад кард. Ирсоли даъватномаҳо ва дастрас намудани тасдиқи иштироки ҳайатҳои кишварҳо ва созмонҳо ба уҳдаи Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамроҳ бо намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа вогузошта ва корбарӣ шуда истодааст.
Илова бар ин, вазорату идораҳо дар ташкили намоишгоҳи “ЭКСПО – Душанбе” ва намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти шиори “Таҷдиди назар ба маънои об” дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикон ҷалб карда мешаванд. Яъне метавон гуфт, ки дар баробари ҷалби мақомоти давлатии кишвар барои танзими Конфронси сеюми Душанбе, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд низ саҳми сазовор хоҳанд дошт.
Оид ба баргузории форуму ҷаласаҳо ва панелҳо чӣ гуфтанӣ доред?
Тахмина Ҳасанова: – Ҳадафи асосии Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об боз ҳам тақвият бахшидани саъйю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи амал оид ба оби Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда ва суръат бахшидани амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030-юм мебошад.
Дар доираи Конфронси Душанбе платформаи муҳим барои пайгирӣ ва пешбурди натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 ва таҳияи ӯҳдадориҳои нав барои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об фароҳам оварда мешавад. Бояд қайд кард, ки ҷаласаҳои пленарии Конфронс ҷиҳати фароҳам овардани замина барои изҳоротҳои сиёсӣ тарҳрезӣ шуда, муколамаҳои интерактивии он бошад бо панҷ мавзўи муколамаи интерактивии Конфронси оби СММ дар соли 2023 мувофиқат карда шудаанд. Боиси ёдоварист, ки собиқ ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ ҷиҳати идома додани натиҷаҳои Конфронси СММ дар Раванди оби Душанбе , яъне конфронси имсола, ҷалб шудаанд.
Ҳамзамон, тибқи барномаи Конфронс, баргузории форумҳо, намоишгоҳҳо, чорабиниҳои канорӣ, фарҳангӣ ва боздид аз мавзеҳои сайёҳии кишвар барои иштирокдорон пешбинӣ шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи Конфронс дар маҷмуъ 9 Форум ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо барои гурӯҳҳои гуногун ҷиҳати муҳокимаи мавзуи об ва ҳамбастагии он бо дилхоҳ масъалаҳо, аз ҷумла мавзӯҳои об ва иқлим бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ ва Африқо, нақши парлумон, ташкилотҳои ҳавзавӣ, бахши хусусӣ, наврасону ҷавонон, занон, ҳифзи пиряхҳо, илм ва технология платформаи иловагиро муҳайё хоҳад кард.
Баргузории Конфронси сеюми оби Душанбе барои кишвари мо чӣ манфиат хоҳад овард?
Нигина Зардова: – Дар шароити тағйирёбии иқлим масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст. Кишвари мо дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар миқёси ҷаҳонӣ, алалхусус дар чаҳорчубаи Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардидааст.
Ташаббусҳои мо дар ин ҷода ба эҷоди як платформаи васеъ барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои бештар мусоид ва оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нигаронида шудаанд. Фикр мекунам, ки Конфронси Душанбе ба мо имкон медиҳад, ки ин мақомро тақвият бахшем ва дар ин замина пеш равем.
Баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд имкони хубест барои муаррифии Тоҷикистон, пас масъулин онро чи гуна метавонанд истифода намоянд?
Таҳмина Ҳасанова: – Шумо дуруст қайд кардед. Пеш аз ҳама баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими минбаъдаи обрӯи кишвар ҳамчун макони баргузории чорабиниҳои муҳим ва вохӯриҳои сатҳи баланд саҳм хоҳад гузошт. Чӣ тавре зикр карда будем, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳалли масоили обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки масъалаи об дар Точикистон ва ё бо иштироки бевоситаи Точикистон баррасӣ ва ҳал карда мешавад.
Тибқи баҳодиҳии пешакӣ, дар Конфронси Душанбе беш аз 1500 нафар иштирок менамояд. Ин барои барқарор кардани робитаҳои нав, мубодилаи дониш ва таҷриба бо иштирокчиён аз кишварҳои гуногун имконият медиҳад.
Танзими чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва қабули таъдоди зиёди меҳмонони хориҷӣ рушди зерсохторро тақозо менамояд. Ҳамин тариқ, конфронсҳои байналмилалӣ метавонанд барои кишвари мизбон на танҳо барои пешбурди манфиатҳои худ, балки барои баланд бардоштани мақоми иқтисодӣ ва сиёсии худ дар арсаи байналмилалӣ имконият бошанд.
Дуюм – Қобили зикр аст, ки конфронси мазкур муҳим аст, зеро чи тавре ки медонед соли оянда дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 156 кишвари узви СММ 14 декабри соли 2022 қабул гардид, аввалин маротиба Конфронси байналмилалӣ дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо доир мегардад ва бе шубҳа таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала зиёд аст. Ба ҳамин хотир моро мебояд Конфронси имсоларо дар сатҳи олӣ танзим карда, симои хуби Тоҷикистонро дар ташкили чунин чорабиниҳои байналмилалӣ бори дигар собит сохта, ин платформаро барои ташвиқу тарғиби Конфронси ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 истифода кунем.
Ҳар як шаҳрванд чи гуна саҳми худро метавонад дар ин конфронс гузорад?
Нигина Зардова: – Интизор меравад, ки Конфронс мизбони теъдоди зиёди меҳмонони баландпоя шавад. Дар доираи ин чорабинӣ сафарҳо ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии кишвари мо ба нақша гирифта шудаанд. Дар доираи барномаи фарҳангӣ бо истифода аз ин фурсати муносиб мо меҳмононро бо фарҳангу таърих, урфу одати мардумамон ва табиати нотакрору дастовардҳои навини кишварамон шинос хоҳем кард. Дар ҳама давру замонҳо тоҷикон ба эҷоду эҷодкорӣ ва илму маърифат ҳусни таваҷҷуҳ доштанд. Аз ин рӯ, меҳрубонӣ ва рафтори шоистаи ҳар як сокини кишвари маҳбубамон тасдиқи ин гуфтор хохад шуд.
Дар охир чӣ гуфтаниҳо доред?
Нигина Зардова: – Умедворем, ки мо дар якҷоягӣ бо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишвар саҳми худро дар ин рўзҳои ҷашнӣ хоҳем гузошт. Боварӣ дорем конфронс бомуваффакият баргузор мегардад ва ҳар як ширкаткунанда бо таассуроти хуб ба ватани хеш бармегардад.
Таҳмина Ҳасанова: – Ҷиҳати тарғибу ташвиқи конфронс ташаккур ба Радиои Тоҷикистон! Зеро огоҳонидани ҷомеа аз рафти конфронс муҳим мебошад. Зикр бояд кард, ки дар асоси Қатъномаи охири СММ дар соли 2028-ум дар Тоҷикистон Конфронси СММ вобаста ба об баргузор ва аз Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” натиҷагирӣ хохад шуд, ки ин нахустин чорабинии сатҳи СММ дар кишвари мо хоҳад буд. Баргузории ин ҳама Конфронсҳо таҷрибаи хубе мегардад барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Конфронси муҳими соли 2028-ум!
Ташаккур барои мусоидат дар тарғиби Конфронси сеюми Душанбе!
– Ба шумо низ ташаккур ва итминон дорем Конфронси сеюми Оби Душанбе дар сатҳи зарурӣ доир хохад гашт.
Суҳбаторо Шоистаи Аҳмад,
радиои Тоҷикистон