СММ: Дар Антарктида тақрибан 3 триллион тонна пирях об шудааст

Дар гузориши СММ омадааст, ки дар натиҷаи гармшавии глобалии ҳаво ва тағйирёбии иқлим то соли 2100 аз се ду ҳиссаи пиряхҳои ҷаҳон нобуд мешаванд, ки ин ҳолат боиси  обхезии шадид дар як қатор кишварҳо мегардад.

Бузургтарин пиряхҳо дар рӯи замин дар Антарктида ва Гренландия ҷойгиранд. Аз сабаби афзоиш ёфтани партовҳои гази карбон ва дигар газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера ҳарорати ҳаво баланд мешавад. Тибқи маълумоти СММ, аз аввали солҳои 1990-ум инҷониб дар Антарктида тақрибан 3 триллион тонна пирях об шудааст.

Ба андешаи олимону коршиносон бинобар гармшавии глобали ҳаво ҳаҷми боришот дар кӯҳҳо кам гардида, боиси коҳиш ёфтани ҷараёни об мегардад. Дар баробари гарм шудани кураи Замин пиряхҳо об шуда, сатҳи оби баҳрҳо баланд гардида, боиси обхезӣ дар минтақаҳои наздисоҳилӣ мешавад.

Тибқи иттилои СММ тақрибан 70% дар сади аҳолӣ аз ҷумла, сокинони Чин, Бангладеш, Ҳиндустон, Индонезия, Филиппин ва Ҷопон дар минтақаҳои обхезӣ зиндагӣ мекунанд. Ба андешаи олимон обшавии пиряхҳо дар Антарктида ва Гренландия ба суръати гардиши Замин таъсир мерасонад.