15 апрели соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин намояндаи доимии Федератсияи Русия дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Александр Лукашевичро ба ҳузур пазируфтааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории тарафайн ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар доираи САҲА мавриди муҳокима қарор доданд.