Таҳлилу натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи мудофиа

Бо мақсади таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ аз вазъи кунунии ҷузъу томи Артиши миллӣ, тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти соҳавӣ, бо иштироки ҳайатҳои роҳбарии Вазорати мудофиаи мамлакат, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва командирони қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ҷаласа баргузор гардидааст.

Ба иттилои сомонаи Вазорати мудофиа доир ба тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангии навъи қӯшунҳо, қисмҳои низомӣ, чорабиниҳои сафарбарӣ, ҳолати таъмини бехатарии хизмати ҳарбӣ, фаъолияти хадамоти қӯшунҳо, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, натиҷаи санҷишҳои инспексионӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, ҳолати санитарию гигиенӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва оид ба фаъолияти ҳамаҷонибаи Вазорати мудофиаи мамлакат ва бурду бохти ин ниҳоди қудратӣ баррасӣ шудааст.

Дар ин замина, супориш дода шудааст, ки он ҳама вазифаҳое, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо хизматчиёни ҳарбӣ зимни ироаи Паёми навбатӣ ва дар ҷашни Артиши миллӣ гузоштааст, диққати аввалиндараҷа равона карда, онро роҳнамои фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор диҳанд ва иҷрои талаботи дастуру супоришҳоро дар мӯҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.