Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони бахшида ба 146-солагии устод Садриддин Айнӣ ҳамоиши бузург доир гардид.
Дар ҳамоиш шоирону нависандагон, олимону профессорон, устодони ДМТ, рӯзноманигорон ва дигар навқаломон иштирок намуданд. Дар доираи ҳамоиш ҳамчунин китоби “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон” (TAJIKISTANS NATIONAL EPICS) рӯнамоӣ карда шуд.
Дар ин китоб ду асари устод Садриддин Айнӣ: “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ” ҷамъоварӣ шуда бо забони англисӣ тарҷума гардидааст. Дар оғози ҳамоиш Ато Мирхоҷа муовини раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баромад карда, қайд намуд, ки устод Садриддин Айнӣ барои забон, адабиёт ва таърихи миллати тоҷик хизматҳои бузург анҷом доданд.
Ба таъкиди ӯ танҳо асари “Намунаи адабиёти тоҷик” – и ӯ ба тамоми ҷаҳониён собит намуд, ки миллати мо то чи андоза таърихи дароз ва забону адабиёти пурқановат дорад. Аз ин хотир тарҷума гардидани ду асари устод Садриддин Айнӣ: “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ” бо забони англисӣ туҳфаи арзишманде ба муносибати рӯзи ёдбуди устод мебошад, илова намуд Ато Мирхоҷа. Маврид ба зикр аст, ки китоби “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон” аз ҷониби Абдусалом Маҳмадназаров профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонба забони англисӣ тарҷума гардида, аз ҷониби Ҷонатан Зартман таҳрир шуда, дар шаҳрҳои Лондони Британияи Кабир ва Ню – Йорки ИМА ба нашр расидааст.
Абдусалом Маҳмадназаров профессори ДМТ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки китоби “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон” (TAJIKISTANS NATIONAL EPICS) натанҳо тарҷумаи асарҳои устод С. Айнӣ аст, ҳамчунин дар он чандин маводи илмӣ илова шудааст, ки барои хонандагони ғарб зарур аст.
Тоҷиддин Ғуломов мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии ДМТ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки тарҷума гардидани асарҳои устод Садриддин Айнӣ: “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва “Исёни Муқаннаъ” бо забони англисӣ имкон медиҳад, ки дар баробари “Маснавии маънавӣ” – и Ҷалолиддин Балҳӣ дигар асарҳои арзишманди миллати мо низ дар ғарб муаррифӣ гардида, ихлосмандони худро пайдо кунад.
Дар идомаи ҳамоиш дигар шоирону нависандагон, олимон ва дӯстдорони осори устод С. Айнӣ баромад карда, андешаҳо худро доир ба рӯзгор ва осори нависанда баён карданд. Ҳамчунин суханронии муҳарири китоби “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон” (TAJIKISTAN`S NATIONAL EPICS) Ҷонатан Зартман низ ба тарзи маҷозӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Бояд гуфт, ки шакли электронии китоби мазкурро аз интирнет дастрас кардан мумкин аст.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”