Имрӯз дар толори Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон Форуми байналмиллалии фарҳангӣ ва тамаддуни ” Арзишҳои анъанавии халқҳои Шарқ ва ҷаҳони муосир” бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маркази тадқиқотии амалии кишварҳои Балкан дар Донишгоҳи Румеди Истамбул, Академияи миллии илмҳои кишвар ва Гуруҳи дидгоҳи стратегии ” Россия – Ҷаҳони Ислом” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи илмии Миср, Қазоқистон, Россия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.
Ширкаткунандагони Форум зимни суханрониашон баргузории ин ҳамоиши сатҳи баландро муҳим ва саривақтӣ хонда, ҳадаф аз роҳандозии ин чорабиниро пеш аз ҳама саҳм гузоштан дар ташаккули симои давлати Россия ҳамчун нигаҳбон ва муҳофизи арзишҳои анъанавию маънавию ахлоқии умумибашарӣ арзёбӣ намуданд.
Инчунин таъкид гардид, ки ин чорабинии сатҳи баланд имкон медихад, ки имкониятҳои бузурги илмӣ ва таҷрибаи амалии ҷамъкардаи кишварҳоро истифода баранд.
Дар анҷоми Форум созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва таҳкими арзишҳои анъанавӣ бо таъсиси гурӯҳҳои кории доимӣ ба имзо расонида шуд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”