“Созишномаи сарпарастӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати “361°”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин” ба имзо расидааст.
Тавре сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, баимзорасонии Созишномаи мазкур дар шаҳри Сиамени Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифта, он аз ҷониби ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва роҳбари аввали Ширкати “361°” ба имзо расонида шуд.
Дар асоси “Созишномаи сарпарастӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати “361°”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин”, Ширкати “361°” ҳайати олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 бо либосҳои расмӣ ва варзишӣ таъмин менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси Созишномаи ҳамкории қаблӣ Ширкати “361°” ҳайати дастаи кишварро дар Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу бо либоси варзишӣ таъмин намуда буд.
Ба иттилои манбаъ, зимни баимзорасонии “Созишномаи сарпарастӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати “361°”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин” ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои тарҳи либоси варзишии ҳайати олимпии кишварро дар асоси рангҳои Парчами давлатӣ омода намудан, шумораи либосҳо, андозаҳо, номгӯ, ҳамлу нақли либосҳо ва дигар корҳои ташкилиро мавриди баррасӣ қарор доданд.