Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Бангкок бозии санҷишии дуюмро анҷом дод, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Футзалбозони Тоҷикистон бо тими миллии Чин бозии санҷишӣ баргузор намуданд. Вохӯрӣ бо ғалабаи калони дастаи мо – 9:2 анҷом ёфт. Қаблан дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Бангкок дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо барандаи медали биринҷии чемпионати CAFA-2023- тими миллии Афғонистон (3:4) рақобати санҷишӣ анҷом дод.
Дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайиланд баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) қувва месанҷад.