Китоби “Заур Дахте. Устураи фарҳанг ва  ҳунари тоҷик” нашр шуд

Ин маҷмуа, ки бо талоши рӯзноманигор, гузоришгар, мақоланавис, очеркнависи маъруфи кишвар Суҳроби Зиё мураттаб шудааст, муруре бар достони зиндагӣ ва корномаи Дахте, филмбардори барҷаста ва аксбардори эрониасли Тоҷикистон аст. 

Бархе аз шоирону нависандагон, ҳунаршиносону рӯзноманигорон  ва дӯстдорону пайвандони ин чеҳраи маъруф дар паёмҳои шодбош ва меҳрномаю матолиби навиштаашон ба баррасии вежагиҳои шахсияти Заур Дахте ва ҳунари тасвирбардорӣ ва аккосии ӯ пардохтаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Дахте Заур Рустамович филмбардор, аккоси маъруф, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1980), барандаи ҷоизаи  комсомоли ленинии Тоҷикистон (1987) академики Академияи мусаввири Тоҷикистон (2010) Соҳиби медали «Хизмати шоистаи» (2005) мебошад. Аълочии кинематографияи ИҶШС, узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС (1968) ва аълочии Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (2020) аст.

Дар соли 1936 дар Доғистон ба дунё омадааст. Беш аз 65 сол аст, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Дар солҳои 1955-1958 дар хонаи байналмилалии кӯдакони шаҳри Ивановои Русия таҳсил кардааст. Хатмкардаи факултаи наворбардории Донишкадаи давлатии умумииттифоқии синамои Маскав (1966) мебошад. Аз соли 1959 дар студияи «Тоҷикфилм» ҳамчун ёвари наворбардор, аз соли 1961 ба унвони наворбардори филмҳои мустанад, аз соли 1967 ба ҳайси наворбардор таҳиягари филмҳои ҳунарӣ ва аз соли 1978 то бознишастагӣ ҳамчун наворбардор ва коргардони филмҳои мустанад фаъолият кардааст.

Хонандагон метавонанд китоби «Заур Дахте. Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.