Дар замони муосир хавфи экстремизм ва терроризм яке аз мавзӯҳои муҳими сиёсӣ маҳсуб мешавад, зеро бисёре аз муҳаққиқону донишмандон ва пажуҳишгарону коршиносон ба таҳқиқи ин зуҳуроти номатлуб китобу мақолаҳои зиёде ба нашр расондаанд.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо экстремизм ва терроризм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари башарӣ ё глобалӣ тақозо менамояд”. Дар ин радиф ҷараёни экстремизм ва терроризми сиёсӣ воқеан аз як фаъолияти канорае иборат аст, ки ҳамеша тавассути зуроварӣ барои ҳадафу мақсадҳои нопоки сиёсӣ истифода мешавад. Аз ин рӯ, фазои сиёсии дунё дар шароити ташаннуҷи рӯзафзун ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, рӯз ба рӯз нашъу намо ёфтани низоъҳои байнидавлативу миёни мазҳабҳо ва вусъат гирифтани ҷиноятҳои вазнини фаромарзӣ ҳимояи марзу буми давлат ва ҳифзу нагаҳдории амнияти миллату кишвар барои мо яке аз проблемаҳои ҳаётан муҳим маҳсуб мешавад.
Имрӯз бо мақсади амнияти миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадоранд, ки фаъолияти хешро ба таври зарурӣ тақвият дода, барои иҷрои вазифаҳои бар зимаашон вогузошташуда эҳсоси масъулият намоянд. Афзоиш ёфтани созмонҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон рӯз ба рӯз вусъат ёфта, тарафдорони онҳо, вазъияти дунёро мураккабтар гардонид. Ин вазъият дар баъзе кишварҳои дунё низ мушоҳидда мегардад. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро метавон дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Исроил, Ғазза, Украина, Россия ва дигар мамолик мушоҳида кард.
Мафҳуми экстремизм аз вожаи фаронсавии “extremisme” ва вожаи лотинии “extremus” гирифта шуда, маънии аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру ақидаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан мебошад. Мафҳум ва моҳияти экстремизм аз терроризм васеътар буда ин сифати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ шаклгирӣ намудааст. Ин ду вожа яъне экстремизм ва терроризм бо ҳам тавъам буда, хавфу хатари калони парокандагиву бесуботӣ ва ноамнӣ фаро гирифта, оқибатҳои бисёр нохуш ва хатари даҳшатбор ба бор меоварад. Экстремист ашхосе аст, ки дар фаъолияти хеш ҷонибдори амалу кирдорҳои тундаравона аст. Ин амалу кирдорҳо метавонанд дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар илм, сиёсат, дин, мазҳаб инчунин идеология ва амсоли инҳо ба вуҷуд оянд.
Терроризм амале мебошад, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос меёбад. Истилоҳи вожаи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънии “ тарс, ваҳм, зӯроварӣ, даҳшат ва ҳаросро” дорад ва аввалин маротиба дар Инқилоби бузурги Фаронса солҳои 1793-1797 истифода шудааст. Терроризм яке аз мафкураи зуроварӣ маҳсуб гардида, амали таъсиррасони ҷамъиятӣ аст. Имрӯз терроризм дар кишварҳои гуногуни дунё густариш ёфта, хатари калони иҷтимоӣ дорад. Дар китоби “Тафсир ба кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар боби 21 ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ дар моддаи 179 терроризм дар саҳифаи 344 чунин ишора мешавад: “Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо, – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо” дода мешавад.
Терроризм боиси ба амал омадани ҳолатҳои нохуш таҳдид ва истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, беназмӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар кишвар, ғасби ҳокимият, кинаю адовати миллӣ, ва динӣ аст. Терроризм ин содир намудани амалу кирдорҳое мебошад, ки ба инсонҳо хавфи маргро ба амал меорад, истифодаи ин амал ҳадафи несту нобуд кардани рақибони сиёсӣ, вайрону валангор намудани бехатарии ҷамъият, тарсу ҳарос додани аҳолӣ буда, зулм, истибдод, фишороварӣ ва амсоли он мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми хешро бо роҳи зуроварӣ, қатлу куштор, тарсу ҳарос ва ба ин монанд амалҳои нопок ба даст оранд. Ин гуна амалҳои нопоку разилона бевосита ба содир намудани ҷиноятҳои дорои хислати террористӣ дошта ба монанди таркиш, содир намудани дигар кирдору амалҳое, ки боиси марги одамон аст равона гардидааст. Мувофиқи санаду далелҳои мутахассисон зиёда аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои характери диннию ифротидошта ва созмонҳои террористӣ дар дунё ошкор шудааст, ки ҳадафи асосии онҳо ба таври зуроварӣ ғасб намудани давлат мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои навадуми қарни гузашта муқовимат бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ яке аз кишварҳои пешсаф буда, барои несту нобуд намудани ин амали нангин алайҳи ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар мубориза мебарад. Ин аст, ки дар радифи дигар кишварҳои мутарақии дунё Тоҷикистон аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо канорагирӣ менамояд. Бинобар ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар аз солҳои 1997-2022 чандин қонуну санадҳо, консепсияву барномаҳо ва якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба монанди Фармони Президенти ҶТ аз 21 апрели соли 1997 таҳти № 707 “Дар бора тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо экстремизму терроризм”, Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (16 ноябри соли 1999 таҳти № 845), Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм (ифротгароӣ)” (8 декабри соли 2003 таҳти № 69), Консепсия ягонаи ҶТ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (Фармони Президенти ҶТ аз 28 марти соли 2006 таҳти № 1717), Конвенсияи (Созишномаи) Созмони ҳамкориҳои Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти ҶТ “Дар бораи консепсияи ягонаи ҶТ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ва монанди инҳо ба тасвиб расидааст, ки барои пеши роҳи ин амали нангинро гирифтан мусоидат менамояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999, № 11, моддаи 275; соли 2005, № 3, моддаи 116; соли 2007, № 5, моддаи 355; соли 2008, № 10, моддаи 802) асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар ҶТ муайян ва амалӣ менамояд.
Бинобар ин, кишвари азизу маҳбуби мо Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлол сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии хешро амалӣ намуда, чун давлати мустақилу соҳибихтиёр, аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ чандин санаду қарорҳои байналмилалӣ қабул намуда, дар мудати кӯтоҳ тавонист қонунгузории кишварро ба як низоми муайян дарорад. Барои амалӣ намудани қонуну қарорҳои мазкур ба муқобили экстремизм ва терроризм дар ҶТ чандин чорабиниҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадаистодаанд, ки дар миёни онҳо Стратегияи миллии ҶТ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2020-2025 мавқеи асосиро мебозад. Дар он мақсад, вазифа, принсип, самтҳои муҳими муқовимат ба муқобили экстремизм ва терроризм ва механизми амалишавии он муайян гардидааст. Ин амал дар дунё рӯз то рӯз инкишоф ёфта, ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ мебошад ва барои давлат ва минтақаҳо хатари бузурги ҷамъиятиро ба бор меоварад.
Бинобар ин, 28 ноябри соли 2019 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Қонуни ҶТ “Дар бораи экстремизм”-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар таҳрири нав қабул намуд ва он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи ҶТ, дуюми январи соли 2020 аз ҷониби Президенти кишвар имзо гардида, пас аз ба нашр расиданаш мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур баҳри пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти кишварро фаро мегирад.
Ҳадафи қабули қонуни мазкур аз татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм, татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии ҶТ дар соҳаи мубориза бар зидди экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди экстремизм, ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ иборат аст.
Барои мубориза бо экстремизм ва терроризм дар кишвари мо ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта дар Кодекси ҷиноятии ҶТ ҷазо ҳамаҷониба татбиқ гардидааст. Номгӯи ҷиноятҳои дорои махсусияти террористидошта он ҷиноятҳое мебошанд, ки дар Қонуни мазкур гунае муайян гардидааст, ки аз мафҳуми муқарраркардаи ҳамин кодекс дар боби 21 ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ моддаҳои 179, 179/1, 179/2, 179/3, 181, 182, 184, 184/1, 184/2, 184/3, 184/4, 185, 193, 194, 1941, 194/2, 194/3, 194/4, 194/5, 310 ва 402 пешбинӣ гардидаанд, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ дошта дониста шудааст.
Муқовимат ба экстремизм ва терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлату миллат маҳсуб гардида, тавассути ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Субъектҳои ба экстремизм ва терроризм муқовиматкунанда: Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ; Вазорати корҳои дохилии ҶТ; Прокуратураи генералии ҶТ; Вазорати мудофиаи ҶТ; Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ; Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ; Гвардияи миллии ҶТ; Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз лаҳзае фароро расидааст, ки ҳар як фарди бо ору номуси кишвар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намоем. Аз ин рӯ, ҷавонону наврасонро мебояд пайваста таъкид кард, ки ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо ҳамроҳ нашаванд, ба дасисаву фиреб ва найрангу, ҳилаву макр ва иғвои душманони миллату давлат дода нашаванд. Таъкид намудан зарур аст, ки бо якдигар муттаҳид, якдил, якмаром, дусту рафиқ ва одилу оқил бошем. Эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷой оварем. Ватану кишвар ва миллату давлати худро дӯст дорем, онро мисли гавҳараки чашм ободу зебо нигаҳ дорем, ҳифзу ҳимоя намоем, ба қадру манзалат ва неъмати оромиву осоиштагӣ бирасем ва сулҳу суботу оромиро аз ёд набарорем ва ба тамоми муқаддасоти кишварамон арҷ гузорем ва дастаҷамъона барои решакан намудани ин гуна амалҳои нангин талош варзем.
Ба қадру манзалат ва неъмате чун Истиқлоли миллӣ расидан, арзишҳои миллиро пос доштан, худшиносиву худогоҳии миллиро нигаҳ доштан, ифтихор аз давлату миллати хеш намудан, эҳсоси ватандорӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Раҳмонзода Нуроншоҳи Довудшоҳ, мудири кафедраи
забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ,
номзади илмҳои филологӣ