Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҳлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон, ҳамлаи мудҳиши террористӣ дар Маскав ва бозтоби ин ҳодиса аз зовияҳои мухталиф, муқобила бо хурофоту бегонапарастӣ дар ҷомеа, раванди музокироти марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 27 март аз тантанаҳои ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” дар майдони “Истиқлоли”-и шаҳри Душанбе гузориши муфассал чоп кард.
Нашрия менависад, ки мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз дар соли равон бо ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” гиромидошти шоистаи муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва муосири миллати тоҷик мебошад.
Гуфта мешавад, ки “Корвони шодӣ”, аз бахшҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Парандаҳои муждарасон”, “Омадани баҳор”, “Гулбоғи Ватан”, “Дунёи кишоварз”, “Дастархони наврӯзӣ”, “Бозиҳои наврӯзӣ”, ”Дунёи ҷавонӣ”, “Тиргон”, “Меҳргон”, “Сада”, “Оташ”, “Суманак”, “Базми идона”, “Шаш ранги Ватан” ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумкунандаи рамзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.
Дар “Корвони шодӣ”, дар маҷмуъ, зиёда аз 11 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои гуногун ҳамаи анъанаҳои Ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 28 март хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» тағйирот ворид шуд, ки ҳадафи он рақобатпазир намудани моли истеҳсоли ватанӣ ва коҳиш додани арзиши хӯроки чорво аст.
Тибқи ин тағйирот меъёри андоз аз арзиши иловашуда ба фурӯши боқимондаи коркарди зироати равғандиҳанда (кунҷора, шрот — хӯроки паранда ва чорво) аз 10 дарсад то ба 7 дарсад паст шудааст.
Гуфта мешавад, ки қабули ин лоиҳаи қонун имкон медиҳад, ки рақобатпазирии корхонаҳои истеҳсолкунандаи зироати равғандиҳанда ҳифз гардида, дар навбати худ талаботи бозори дохилӣ бо ин намуди маҳсулот таъмин шавад.
Дар баробари ин нашрияи “Садои мардум” иттилоъ медиҳад, ки дар вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин созишномаи қарзи сармоягузорӣ барои лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушдро баррасӣ ва тасвиб кард. Маблағи созишномаи сармоягузорӣ 32 млн. доллар буда, 38,5 дарсади маблағи қарз ҳамчун кумаки молӣ ё худ грант пешниҳод мешавад.
Дар идомаи гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳаи мазкур азнавсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд пешбинӣ мешавад, ки дар натиҷа 33 ҳазор га замини кишоварзии ноҳия обёрӣ шуда, зиёда аз 4000 хоҷагии деҳқонии ин ноҳия фаъолияти молиявию иқтисодии худро устувор менамоянд.
Аз ҷумла, 2378 га замин ба гардиши кишоварзӣ ворид шуда, 43,2 млн. кВт/соат неруи барқ дар як сол сарфа мегардад. Инчунин дар доираи татбиқи ин лоиҳа 31 мошину механизми махсус барои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ харидорӣ мешавад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи ахири худ мусоҳиба бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдонро нашр кардааст.
Сафири Арабистони Саудӣ дар ҳошияи суханони Пешвои миллат дар робита ба зарари зоҳирпарастӣ ва хурофот дар ҷомеа, гуфт, ки таълим ва тарбияи дуруст, ки аз хонадон оғоз ва дар мактабу масҷид идома меёбад, метавонад дар шаклгирии дидгоҳи мусбат ва солими ҷавонон нисбат ба ҷаҳон ва арзишҳои исломӣ нақши калидӣ дошта бошад.
Ба гуфтаи вай, ифротгароӣ ва терроризм, ки мехоҳанд аз эҳсосоти динии ҷавонон сӯйистифода кунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ бо арзишҳои аслии ислом, ки дини миёнаравӣ, таҳаммул ва муҳаббат аст, мувофиқат намекунад.
Дар баробари ин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар бахши дигари мусоҳибаи худ мегӯяд, ки вақтҳои охир ширкатҳои бузурги Арабистон барои бастани қарордоди меҳнатӣ бо Тоҷикистон хусусан дар соҳаи сохтмон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд ва интизор аст дар оянда шумораи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи тозаи худ мақолае бо номи “Якуним соли бе низоъ” чоп карда, менависад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арафаи анҷоми таъин ва аломатгузории марзи давлатӣ миёни ду кишвар ҳастанд.
Муаллиф менависад, ки боз шудани марзро на танҳо сокинони марзӣ, балки истеҳсолкунандагон ва содиркунандагоне, ки мехоҳанд миёни ду кишвар тиҷорат ба роҳ монанд, интизоранд.
Дар ин замина зикр мешавад, ки дар ду моҳи соли ҷорӣ муомилоти тиҷоратии вилояти Суғд бо Қирғизистон ҳамагӣ 83 ҳазор долларро ташкил дод. Дар ҳоле ки муомилоти тиҷоратӣ миёни ду ҷониб то пеш аз низоъ дар як сол ба 60 млн. доллар мерасид.
Нашрияи “Пайк” дар шумораи ин ҳафтаи худ бо нашри матлабе мегӯяд, ки роҳи байналмилалӣ дар Данғара хатарзо шудааст.
Муаллиф менависад, мушоҳидаи панҷ соли охир нишон дод, ки роҳи байналмилалие, ки аз ноҳияи Данғара мегузарад, натанҳо хароб, балки хатарзо гардидааст. Бахусус қитъаи роз аз мавзеи Булиён то даромадгоҳи ноҳия умуман ба талабот ҷавобгӯ нест.
Дар ин матлаб нигарони аз он мешавад, ки масъулини ноҳия панҷ сол боз мунтазири амалишавии лоиҳаи таҷдиди ин роҳи мошингард буда, умуман корҳои таъмирӣ дар роҳро аҷном намедиҳанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”