Дар соли 2023 истихроҷи ангишт аз ҷониби 13 корхона дар 10 кон ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истихроҷ 2084,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ин нуктаро вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шерали Кабир дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Бақияи ангишт ба ҳолати 1 январи соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти солҳои пешин зиёда аз 252,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали соли 2023 ба ҳаҷми 79,3 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол гуфта шуд, ки истихрочи ангишт нисбат ба соли 2022 ба ҳаҷми 309,4 ҳазор тонна кам гардидааст. Ин дар ҳолест, ки дар ин давра 1117, 8 ҳазор тонна 53, 6% аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 966, 4 ҳазор тонна ангишт ё 46, 4 % аз таоафи корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст.
нчунин дар рафти нишаст маълумот дода шуд, ки дар маҷмуъ содироти ангишт ба ҳаҷми 153, 4 ҳазор тонна ба маблағи 4,6 млн. долларро ташкил додааст. Дар ин хусус ҳамкорамон О. Шарипова ба Радиои Тоҷикистон иттилоъ дод.