Мулоқоти Ҷонибек Ҳикмат бо Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон

19 январи соли 2024 вохӯрии маҷозии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дизен баргузор гардидааст.

Ба маълумоти саҳифаи фейсбукии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқот ҷонибҳо перомуни дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, раванди татбиқи Барномаи кишварии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 ва Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор мубодилаи афкор намуда, тавсеаи равобитро дар чорчӯби Раванди оби Душанбе зарур донистанд.