Ҷавонону наврасони табиатдӯст ва касоне, ки нисбат ба сабзгардонии Ватани азизи худ бетаваҷҷуҳ нестанд, ба сафи эковолонтёрон ҳамроҳ шавед.
Қабули довталабон ба маҳфили эковолонтёрони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Эковолонтёрони қабулшударо барномаҳои ҷолиб интизоранд.
Ба аъзои маҳфили эковолонтёрон имкон дода мешавад, ки онҳо донишҳои экологиашонро бо гузаштани дарсҳои маҳорат ғанӣ гардонанд.
Эковолонтёрон барои тамошои табиати биҳиштосои диёрамон имкони бештар доранд.
Хоҳишмандон аз ҳисоби эковолонтёрон метавонанд ба сифати нозири ҷамъиятӣ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунанда фаъолият намоянд.
Ба маҳфили эколонтёрони Кумитаи ҳифзи муҳити зист худро номнавис кунед!
Телефон барои тамос: 918-17-98-86,
Суроғаи электронӣ: adzhammehr@mail.ru.