Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа маълум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқот дастаи мо бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат мекунад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон бо касби чаҳор имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро касб кард. Мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо чаҳор имтиёз дар чаҳоргонаи «С» дуюм шуд.
Бозии 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.