Ҳаким Фирдавсӣ гӯё бо нӯки килк охирин шуълаҳоро аз конуни дудмони Сомонӣ бардошт ва чароғи офтоберо бар сипеҳри маънавияти башарӣ барафрӯхт, ки то хуршеди оламтоб бар фарози ин гардандачарх барҷост, ин офтоби маънавӣ низ барҷой ва нурафшон хоҳад буд. Шуҳрат ва истиқболи ҷаҳонӣ аз «Шоҳнома» як амри табиӣ аст, ки он пеш аз ҳама, ба чанд вижагии маънавӣ ва ҳунарии ин шоҳкори беназир вобаста мебошад.
Аввалан, ин ки ин корномаи бузург дар асл ва зоти худ як падидаи хориқулода аст ва дар таърихи ҳунару адаби дунё назир надорад. Ба ин нукта бисёре аз ховаршиносони ҷаҳон ишора намудаанд ва аксаран онро бо машҳуртарин ҳамосаҳои ҷаҳон «Иллиада» ва «Одисея»-и Ҳомери юнонӣ муқоиса намуда, таъкид намудаанд, ки аз назари ҳаҷм низ «Шоҳнома» ду баробари ҷамъи ин осори ҳамосии бостонӣ аст. Аз назари пайвастагӣ, сохтор, муддати замони эҷод, муаллифи ягона онро бар ҳамосаҳои маъруфи ҳиндӣ низ имтиёз додаанд. Дар хусуси ҷомеъияти беназири «Шоҳнома» бузургтарин шоири қарни 19-и Урупо Гётеи олмонӣ чунин фармудае дорад:
«…Фирдавсӣ тамоми ривоёту асотири қадим, рухдодҳои таърихии мамлакатро ҷамъ оварда, чунон устодона дар риштаи назм кашид, ки барои наслҳои оянда ба ғайр аз он ки дар ҳар маврид ба «Шоҳнома» муроҷиат намоянд ва онро шарҳу тавзеҳ диҳанд, дигар коре намонд, чи ҷои онро такмил додану чизе бар он афзудан». То он ки Гёте ба ин натиҷа бирасад, ӯ бо таҳқиқот ва тарҷумаҳои фаровоне аз «Шоҳнома», ки дар Олмон бо шуруъ аз қарни 17 то рӯзгори мо анҷом шуда буд, ошноӣ дошт. Аз ҷумла, яке аз ин мутарҷимону муҳаққиқони олмонии «Шоҳнома» Ҳаммер-Пургштал дар навбати худ менависад:
«Агар Ҳофиз дар назми ишқӣ, Саъдӣ дар ахлоқ, Ҷалолиддин дар тасаввуф, Анварӣ дар сурудани ашъори мағмум, Низомӣ ва Ҷомӣ дар шеърҳои романтикӣ пешгом бошанд, пас Фирдавсӣ – ҳамосасарои ягона ва беназир бар ҳама бартарӣ ёфтааст ва дар ҳақиқат, касе пеш аз вай ва ҳамчунин баъд аз он барои навиштани чунин асари бузург, чун «Шоҳнома» шуҷоат накардааст».
Нишонаи дурахшони дигари маҳбубияти «Шоҳнома» ва Фирдавсӣ дар Аврупои қарни 19 манзумаи шоири шаҳири олмонӣ Ҳенрих Ҳейне «Шоир Фирдавсӣ» мебошад, ки дар заминаи ривояти маъруф дар хусуси бархурди Султон Маҳмуд ба Фирдавсӣ ва дар ситоиши пирӯзии маънавии Фирдавсӣ назм шудааст. Ин манзумаро шоири зиндаёди тоҷик устод Муъмин Қаноат тарҷума намуда, дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» («Садои Шарқ» №5, 1959) ба чоп расонидааст, ки барои ошноӣ порае аз он манзур мегардад:
Гуфт Маҳмуд: Ин сухан аз кист?
Шуъла дар чашми шоҳ рахшон шуд.
Гуфт Унсурӣ: Эй шаҳи олам,
Шеъри Фирдавсӣ… Шоҳ ҳайрон шуд.
Баъди андеша гуфт: Эй шоир,
Гӯй, Фирдавсӣ дар куҷо бошад?
Гуфт: Аз гардиши замон, шоҳам,
Пири уфтода, бенаво бошад;
Ӯ ба боғи падар ба Тӯс омад,
Розиқи пирияш ҳамон боғ аст.
Шоҳ Маҳмуд дар сукут афтод,
Ҳамчу бабре пасон зи ҷо барҷаст.
Унсурӣ, амри мо кунун бишнав,
Рафта бо чокаронат аз саҳро
Сад шутур гиру аз зару зевар
Бор кун аз дусад хазинаи мо!
Андар ин кишвару хазинаи ман1
Ҳар чи бошад зи неъмати дунё,
Сад шутур борро муҳайё кун,
Рӯзи дигар ба Тӯс раҳ паймо!
Боз даҳ аспи тозии чун бод,
Ҳамчу тире ба шасту дар рафтор,
Даҳ ғуломи шуҷоъи оҳантан,
Ки бувад панҷаҳояшон заркор, –
Ҳама ин неъмати фаровонро
Бо дуою саломи ман, шоир,
Мерасонӣ ба Тӯс бо таъзим
Ба худои каломи оламгир.
Зимнан, лозим ба ёдоварӣ аст, ки шуҳрат ва сахтҷонии моҷарои баҳсангези байни Фирдавсӣ ва Султон Маҳмуд бар сари «Шоҳнома» ва тақдири он низ бархоста аз эҳсоси ниёз дар тақдири азамати «Шоҳнома» мебошад. Агар «Шоҳнома» чунон азамати беназир намедошт, ин ривоят ҳам чунин шуҳрат ва бақо пайдо намекард. Мисли ривояте перомуни шеъри «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ ва вокуниши Наср Аҳмади Сомонӣ, аммо ба гунаи мусбат.
Асари дигари асосӣ дар шоҳномашиносӣ «Ҳамосаи миллии Эрон»-и ховаршиноси олмонӣ Теодор Нелдике мебошад, ки устод Садриддин Айнӣ дар пажуҳиши ҷомеи худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» назар ба таъкиди худи эшон аз шеваи пажуҳиши ӯ, яъне бар мабнои матни худи «Шоҳнома» посух ҷустан ба масоили илмии он баҳра бурдааст.
Тарҷумаи комили Жюл Мулл (1800-1876) ба фаронсавӣ заминаи тарҷумаҳои фаровоне ба забонҳои дигари миллатҳои Аврупо ва Русия (Жуковский) гардид. Муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Шокир Мухтор дар бораи ин тарҷума менависад:
«Муқоисаи матни асл ва тарҷумаҳои насрии Мулл шаҳодат медиҳад, ки ӯ дар ҳақиқат аз фасоҳату накҳати забони асари Фирдавсӣ огоҳ буда, принсипи тарҷумаи худро то охир нигоҳ доштааст. Баробари ин, бо нозукиҳои забони фаронсавӣ низ ошно будани ӯ ошкор мегардад».
Тарҷумаи русии «Шоҳнома» аз тарафи Силсила Бону- ҳамсари устод Абулқосим Лоҳутӣ зери назари мустақими эшон, ки дар ниҳоят дар 6 муҷалла (аз соли 1984 то 1994) ба чоп расида, албатта, дорои имтиёзи хоссе мебошад. Пеш аз он тарҷумаҳое аз тарафи Жуковский, Державин (ҷ 1-2) ва Лодзинский анҷом шудаанд.
Гузашта аз ин мазмунҳо ва қаҳрамонони «Шоҳнома» аз даврони пешин дар ҳамосаҳои ривоии мардумии Русия асари равшане дошта, хусусан дар мисоли паҳлавони афсонавии адабиёти гуфтории рус Еруслан Лазаревич ё худ Уруслан Залазарович, ки бо қаҳрамони дигари ривоятҳои мардумии Русия Иван аҳди бародарӣ мебандад, ба таври барҷаста ошкор буда, саргузашти ӯ фарозҳое аз «Шоҳнома»-ро ба ёд меорад.
Ҳамин шуҳрат ва маҳбубияти хосси «Шоҳнома» дар Русия ва Қафқоз ангезае аслии он аст, ки роҳбари вақти Иттиҳоди Шуравӣ И.В.Сталин дар поёни Даҳаи адабиёт ва ҳунари тоҷик дар соли 1941 дар Москва, аз ҷумла мегӯяд:
«Тоҷикон миллате ҳастанд, ки аҳли саводи онҳо шоири нобиға Фирдавсиро ба ҷаҳон додааст ва беасос нест, ки тоҷикон суннатҳои фарҳангии худро аз ӯ гирифтаанд…»
Дар идома метавон гуфт, ҳамчунин беҳуда нест, ки беҳтарин нашри интиқодии «Шоҳнома» нашри Москва ва бузургтарин китоби адабии дар солҳои то замони истиқлол ва такроран дар солҳои истиқлол дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ-форсӣ интишорёфта боз ҳам «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва машҳуртарин намоишномаи синамоии сегонаи Тоҷикистон бар асоси достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ будааст.
Тарҷумони булғории «Шоҳнома»- шоир ва нависандаи номии Булғористон Ёрдан Милев дар сафарномаи дилангези худ «Диёри домани гардун», ки аз таассуроти сафараш аз сартосари Тоҷикистон ҳикоят менамояд, дар ин сафар ҳар қадам аз қаҳрамонон ва мазмунҳои «Шоҳнома» ба шавқу шааф ёдоварӣ менамояд.
Тавре гуфта шуд, рози маҳбубият ва истиқболи ҷаҳонии «Шоҳнома»-ро танҳо бояд аз худи ин шоҳкор ҷуст. Ҷолиб ин аст, ки агар мо якояк омилҳои маҳбубият ва мақбулияти «Шоҳнома»-ро баршуморем, дар айни замон ин дуруст посухи иттиҳомоти беасосе мешавад, ки то кунун шоҳномаситезон ва фирдавсиситезон хостаанд бар он ворид намоянд.
- Ҳама чиз дар «Шоҳнома» бар мабнои хирад ва имон аст.
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Баръакси бисёр достонҳои ривоятии паҳлавонӣ ва ҳамосӣ «Шоҳнома» орӣ аз ғулувв ва ифрот дар тасвиру таъриф аст. Ҳатто қаҳрамонони асотирие, ки ҳамзамон ҳам дар таърихномаҳо ва ҳам дар «Шоҳнома» номашон вуҷуд дорад, дар «Шоҳнома» беш аз кутуби таърих симо ва рафтори маъмулӣ ва шинохтаниву боваркардании инсонӣ доранд. Ҳол он ки дар ин маврид дасти як шоир бояд аз як таърихнавис бамаротиб бозтар ва ихтиёроташ фаровонтар бошад. Барои намуна, метавон аз достони куштани Рустам Шағодро ёдовар шуд. Ин асотир ҳатто дар китоби муқаддаси «Авасто» симои хаёлпардозонатар аз «Шоҳнома» доранд.
- «Шоҳнома» мубарро аз ҳар навъ таассуби динӣ аст.
Агарчи ба тасдиқи ин амр аз «Шоҳнома» метавон далели зиёд овард, вале боз ҳам беҳтарин ҳамон тамсили машҳури «Карбос ва чаҳор мард» аст:
Ту карпосро дини Яздон шинос,
Кашанда чаҳор омад аз баҳри пос.
Яке дини деҳқони оташпараст,
Ки бе бож барсам нагирад ба даст.
Дигар дини Мусо, ки хонӣ ҷуҳуд,
Ки гӯяд ҷуз ин дин нашояд ситуд.
Дигар дини юнонӣ, он порсо,
Ки дод оварад дар дили подшо.
Чаҳорум зи тозӣ яке дини пок,
Сари ҳушмандон барорад зи хок.
Агарчи дар ниҳоят имтиёз додани Фирдавсӣ бар дини Ислом ошкор аст, аммо маълум аст, ки ба динҳои дигар ҳам ҳадди эҳтиромро ҳифз менамояд. Ин нуктаро бори дигар замоне ба вузуҳ эҳсос менамоем, ки аз забони Ширӯяи фарзанди Хусрави Парвиз ӯро барои истихфоф дар мавриди «дори Исо» мазаммат месозад:
Дигар он ки қайсар ба ҷои ту кард,
Зи ҳар гуна аз ту чӣ тимор х(в)ард.
Сипаҳ доду духтар туро дод низ,
Ҳамон ганҷу бо ганҷ бисёр чиз.
Ҳаме хост дори Масеҳо ба Рум,
Бад-он то шавад тоза он марзу бум.
Ба ганҷи ту аз дори Исо чӣ суд,
Ки қайсар ба хубӣ зи ту шод буд.
Надодиву ин моя роят набуд,
Сӯи мардумӣ раҳнамоят набуд.
- «Шоҳнома» инсонмеҳвар аст ва фазилати шоҳон низ бар асли сиришти инсонии онҳо тақдир мешавад.
Ба маҳзи он ки Ҷамшед, бузургтарин шоҳи дудаи Каёниён аз роҳи рости рост мунҳариф мешавад, аз фарр ва инояти эзадӣ маҳрум мегардад.
Ба Ҷамшед-бар тирагун гашт рӯз,
Ҳаме кост з-ӯ фарри гетифурӯз.
Дар боби Фаридун ин мавзуъро Фирдавсӣ бештар равшан мекунад:
Фаридуни фаррух фаришта набуд,
Зи мушку зи анбар сиришта набуд.
Ба доду диҳиш ёфт ин некуӣ,
Ту доду диҳиш кун, Фаридун туӣ.
- «Шоҳнома» нажодситез ва нажодпараст ҳам нест.
Баъзан муҳаққиқон барои дифоъ аз Фирдавсӣ гуфтаанд, ки Фирдавсӣ арабситез буд, на динситез. Аммо Фирдавсӣ аслан арабситез ҳам набуд ва нисбат ба ҳеҷ нажоди дигар, на турку на румиву, на чинӣ ва на… ҳам камтарин нишони ситез аз ӯ ошкор нашудааст. Фаридун, пеш аз он ки салтанати худро байни фарзандон бахш намояд, барои онҳо ҳамсар меҷӯяд ва баъди ҷустуҷӯи зиёд се духтари шоҳи Яман Сарви Яманиро ба шоистагӣ меписандад ва бармегузинад. Дар васфи онҳо мегӯяд:
Падар ном нокарда аз нозашон,
Бад-он то нахонанд б-овозашон.
Нафрати ошкори Фирдавсӣ ҳатто бар вуҷуди шарире, чун Заҳҳок маҳз ба далели зулм ва нопокии ӯст ва боре ҳам ба нажоди ӯ таън намешавад. Гузашта аз ин, ба ҳамтаборони ояндаи ӯ нафрини Заҳҳокро таҳмил намекунад. Беш аз ин, Модари бузургтарин қаҳрамони «Шоҳнома» Рустам, ҳамсари Дастони Зол Рӯдоба – духтари Меҳроби Кобулӣ аст ва ӯ худ аз дудмони Заҳҳоки тозӣ аст. Яке аз дилангезтарин ва дар айни ҳол пуризтиробтарин достонҳои «Шоҳнома» ҳамин достони зебои ишқу издивоҷи Зол ва Рӯдоба аст, ки шояд Фирдавсӣ хостааст ба ҳамин васила он ситам ва адовати ҳазорсолаи Заҳҳоки мордӯшро ба фарҷоми неку ва пирӯзии гавҳари поки инсонӣ (дар тимсоли Рустам) бирасонад.
Баҳроми Гӯр бузургтарин ва диловартарини шоҳони Сосонӣ тарбиятдидаи амири араб Мунзар аст, ки Яздгирди базаҳкор – падараш барои ҳимоят аз хашми мардум Баҳромро ба ҳимояти ӯ супурдааст ва дар ниҳоят ҳам бо ҳимояти Мунзар ва шуҷоати худ баъди марги падараш тахти ӯро соҳиб мешавад.
Дар «Шоҳнома» камтар қаҳрамонеро ба дурахшандагӣ ва фазилату накукории Пирони туронӣ меёбем. Пирон басо мушфиқтар аз Ковуси падари Сиёвуш нисбат ба фарзанди ӯст.
Ҳамин гуна Фирдавсӣ дар тасвири тамоми қаҳрамонони ғайриэронии худ ба камтарин таассуб ва камбинӣ роҳ намедиҳад, аз ҳунари тасвиргарӣ ва балоғати баён намекоҳад. Бисёр бахшҳое аз «Шоҳнома», ки намунаи балоғати сухан, ҳиммат ва шуҷоату садоқат ҳастанд ва ба шиор табдил шудаанд, аз забони қаҳрамонони ғайриэронӣ садо додаанд. Аз ҷумла, ин пора назми дурахшон, ки аз машҳуртарин қитъаҳои «Шоҳнома» дар васфи меҳанпарастӣ ва фидокорӣ мебошад ва тақрибан ҳамагӣ абёте аз онро ҳифз доранд:
Чунин гуфт лашкар ба Афросиёб,
Ки «Чандин сар аз разми Рустам матоб…
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем».
Чу бишнид Афросиёб ин сухан,
Фаромӯш кард он набарди куҳан.
Ҳамин аст, ки нахустин тарҷумаҳои Шоҳнома ҳам ба забони арабӣ ва туркӣ будааст. Бунёнгузори адабиёти умумии туркзабон Юсуф хос ҳоҷиби Балосағунӣ (қарни 11 мелодӣ) асари худ «Кудотғу билик» (Донишҳои фозила)-ро ба пайравӣ ва ситоиши «Шоҳнома» ва дар вазни «Шоҳнома» таълиф менамояд. Он ҷо ки мегӯяд:
Ба арабӣ ва тоҷикӣ китоб фаровон аст,
Вале ба туркӣ ин китобест нахустин.
- Ҷуғрофиёи «Шоҳнома»
«Шоҳнома» шояд ҳама паҳнои ҷаҳони мутамаддин ва ҳатто ғаримутамаддини замони Фирдавсӣ, миллатҳои маскун дар он, ҷузъиёти фарҳанги онҳоро фаро мегирад. Ин мардум ва кишварҳои гуногуни олам, агар ба ҳеч далели дигаре ҳам инояте ба «Шоҳнома» надошта бошанд, барои дидани симои худ ва таъриху суннату фарҳанги худ дар ин Ҷоми ҷаҳоннамо ба он рағбат хоҳанд дошт.
- «Шоҳнома» ҳамеша муосир аст
Зи «Шаҳнома» гӯ, ки пуровоза аст,
Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст.
Муҳимтарин арзишҳои маънавии башарӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ, ки ситоиши онҳо ҷавҳар ва зевари «Шоҳнома»-ро ташкил медиҳад, аз замони таълифи ин шоҳкор то кунун ба ҳамон эътибори худро дар матни ҳамаи фарҳангҳои милали ҷаҳон ҳифз намудаанд ва асосан дастхуши тағйире нашудаанд. Аз ҷумла, равобит ва таомули шоиста дар байни халқҳову давлатҳо ҳатто бо мурооти назокатҳои рафтории ба истилоҳ дипломатӣ.
Туро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,
Фарохӣ макун бар дили хеш танг.
Ҷуз аз оштӣ мо набинем рӯй,
На воло бувад мардуми кинаҷӯй.
Наҷобат ва маънавияти волои қаҳрамонони «Шоҳнома» камназир аст. Кова, Фаридун, Эраҷ, Зол, Рустам, Сиёвуш, Кайхусрав бо ҳиммат, шуҷоат ва наҷобати камназир қаҳрамонони фоҷиаҳои бузурге мешаванд, ки ҳеҷ навъ қалбу руҳеро бетафовут намегузоранд. Дар айни ҳол фоҷиаи инҳо амри сарнавишт ва иштибоҳи худ ва худиҳо таъбир мешавад. Ҷанбаи бегонаситезӣ надорад. Ин фоҷиаҳоро ҳар миллате чун дарси бузурги зиндагӣ, таърих ва сарнавишт мепазирад, аз он мутаассир мегардад, нисбат ба қаҳрамонон эҳсоси меҳру муҳаббат ва ҳамдардиву шафаққат пайдо менамояд. Аз наҷобати онҳо ба шигифт меояд.
- Шоҳнома як воқеият ва дар айни ҳол як муъҷиза аст.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Агар «Шоҳнома»- ин кохи баланду бегазанд, дарвоқеъ сохтмоне мебуд, дар баробари он ҳафт муъҷизаи машҳури ҷаҳон ҳама фарру фурӯғи худро мебохтанд. Аммо дар нафс ва асли худ боз басе бештар аз он аст. Ҳеч чизе дар дунё ба номи асари адабиёти бадеъ аз оғози адабиёти башар то кунун зуҳур нанамуда, ки аз назари дарозои замон, паҳнои ҷуғрофӣ, теъдоди қаҳрамонон, теъдоди воқеаҳо ва саргузаштҳо, мавзуъҳо, танаввуъи ҳаводис ва ашё, танаввуъ ва ғанои афкор ва амсолу ҳикам, хислату хӯ, одоту русум, гароишу боварҳо, соири аносири фанну фарҳангу ҳунар ва… ин ҳама ба гӯётарин, расотарин, дилангезтарин шеваи баёни ҳунарӣ, дар сохторе пайваста ва баҳамбаста чун як пайкари муҳташами зинда ва зирӯҳ ба воқеият пайваста бошад.
Рустам Ваҳҳобзода,
адиб ва донишманди варзида
Бознашр аз АМИТ “Ховар”