Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Мянмар қурбонии қочоқи инсонӣ шуда буданд, ба ватан баргардонида шуданд

20-уми январи соли 2024 зимни ҳамоҳангии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои Шоҳигарии Таиланд, Сафорати Мянмар дар Малайзия, ҳамчунин, Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) ва Миссияи байналмилалии адлия (IJM), се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Мянмар қурбониёни қочоқи инсонӣ шуда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои реабилитатсионӣ-психологиро бо шаҳрвандони мазкур мегузаронанд ва чораҳои зарурии профилактикиро барои пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда ба амал мерасонанд.

Бар асоси ин, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомотҳои Таиланд ва Мянмар, инчунин ба Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Миссияи байналмилалии адлия барои кӯмаки расонидашуда дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ҷиҳати баргардонидани онҳо ба Ватан изҳори сипос менамояд.

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan