Аз 9 январ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон оғоз гардида, силсилаи вохӯриҳо то 18 январ идома меёбад.
Ба иттилои Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сурат гирифта, зимни вохӯриҳо вакилон нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти мамлакатро шарҳ медиҳанд.
Чунин як мулоқот бо ҳузури вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Мазбут Бойҷонов бо интихобкунандагон дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Дар Паём ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати молия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон зиёд карда шаванд. Маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо низ 40 фоиз зиёд карда мешавад.
Аз 1-уми январи соли 2024 бошад музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд хоҳад шуд.
Дар вохӯрӣ ҳамзамон қайд гардид, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо иншооти нав ба истифода дода шуда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.