Ҳамоиш таҳти унвони «Соҳибкории занон: имкониятҳои нав ва дурнамо» бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор» санаи 19 ноябри соли 2025 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид баргузор карда шуд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Хуршедан Қодир муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оғоз намкд. Баъдан Сурайё Дустмуродзода Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Чаманоро Рустам муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Тоҷикистон, Гулбаҳор Назирӣ муовини раиси Бонки миллии Точикистон, Холгер Вифел Намояндаи доимии Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон, Марзия Байдуллоева роҳбари Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид — Занон дар Точикистон, Сабохат Рахимзода роҳбари Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор «Кадбону», Гуланор Атобек раиси ҶСК «Алиф Бонк» ва Наврузова Шукрона сохибкори инфиродӣ (гирандаи гранти Президентӣ дар соли 2025) фикру андешаҳои худро дар мавриди рушди соҳибкории ҳанон, дастгириҳои давалтӣ ва грантҳои Президентӣ иброз доштанд
Қайд карда шуд, ки масъалаи бонувон ва макоми онҳо дар ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар даврони истиқлолияти кишвар як қатор барномаву стратегияҳо татбиқ гардиданд, ки мақоми бонувонро дар ҷомеа таҳким бахшид.
Дар чорабинии мазкур беш аз 60 нафар иштирокчӣ аз ҷумла роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо, шарикони рушд, ассотсиатсияҳо, бонкҳо, соҳибкорзанони фаъоли ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидорӣ, саноат, коммуникатсия, хӯрокворӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир таъкид намуд, ки: «Хадаф аз ҳамоиши мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳонии занони мамлакат аз раванди фаъолияти соҳибкорӣ, муаррифии имкониятхои молиявӣ, ислоҳоти навин дар самти мазкур, муаррифӣ ва вусъат додани дастгирии молиявии занони соҳибкори ҷумҳурӣ, ҷалби коршиносони сатҳи миллию байналмилалӣ дар самти рушди соҳибкорӣ миёни занону ҷавонон, муҳокимаи мушкилиҳо ва монеаҳои раванди пешбурди фаъолияти сохибкории занон ва маълумотнома оид ба таъмини ҳаматарафаи ҳуқуқии соҳибкорон аз ҳисоби занону духтарон мебошад.
Пас аз қисмати расмии чорабинӣ як қатор соҳибкорзанони муваффақи ҷумҳурӣ бо ифтихорномаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ш. Аҳмад
