Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияро ба истифода доданд.

Иншооти нав аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз ёфта, дар муддати муайян бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои меъмории миллӣ анҷом дода шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави шуъбаи маориф аз 34 ҳуҷраи корӣ иборат аст.

Дар ошёнаи сеюми бино маҷлисгоҳ барои 100 нафар бо шароити зарурӣ муҷаҳҳаз мавҷуд буда, минбаъд баргузор намудани вохӯрӣ, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ дар он имконпазир хоҳад буд.

Дар иншооти нав, ҳамчунин китобхона, бойгонӣ ва як қатор ҳуҷраҳои  ёрирасон дигар низ ҷойгир карда шудааст.

Баробари ба истифода супоридани бинои шуъбаи маориф барои кормандони соҳа шароити муносибу замонавии корӣ фароҳам оварда шуд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 43 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 31 ҳазору 772 хонанда амал мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати боло бурдани сатҳи таълим, истифодаи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 80 дарсади омӯзгорони ноҳияи Ҷаббор Расуловро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 16 хатмкунандаи ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар қабул шудаанд, ки 8 касашон духтарон мебошанд. Дар панҷ соли охир 40 духтари ноҳия бо истифода аз квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил  шудаанд.