Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи мебели ҶДММ «Асри обод»-ро ба истифода доданд

19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии №1-и шаҳри Истаравшан корхонаи мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Асри ободро бо 8 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода доданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкор Қодир Юсуфзода ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 0,34 гектар замин бунёд шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ифтитоҳи корхонаи саноатӣ барои амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании рақобатпазир, фарогирии шумораи зиёди занони хонашин ва сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ мусоидат мекунад.

Ҳоло дар корхона зиёда аз 50 мутахассиси маҳаллӣ, ки 60 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳад, бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар корхонаи Асри обод зиёда аз 30 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот, аз ҷумла мизу курсиҳо барои ташкилоту муассисаҳо, тарабхона, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангу тандурустӣ, ашёи рӯзгор ва ғайра истеҳсол карда мешавад.

Мувофиқи дурнамо то соли 2027 номгӯи маҳсулот то ба 40 ва шумораи кормандон ба 70 кас расонида мешавад.

Истифодаи 70 фисади маҳсулоти хоми ватанӣ имкон медиҳад, ки талаботи мизоҷон бо маҳсулоти босифати корхона бо тамғаи Элегант қонеъ гардад ва дар оянда содироти он ба роҳ монда шавад. Қисми зиёди маҳсулоти васлнамоӣ дар ин ҷо аз ҷониби мутахассисон дар коргоҳҳои алоҳида тавассути технологияҳои гуногун тайёр карда мешавад, ки чунин таҷриба бори аввал дар ин корхона ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 100 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, маҷмуи маҳсулоти ин соҳа дар панҷ соли охир ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо ин иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ намуданд. Ба масуълин барои зиёд кардани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии корхона дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 10 моҳи соли 2025 истеҳсоли мебел дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% афзуда, воридоти он ба ҳамин андоза кам шудааст.