Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла нишатси ғайрирасмии сарони ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, натиҷагирӣ аз дастовардҳои соли 2023 дар Тоҷикистон, тағйирот ба бархе қонунҳо дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 декабр аз қавли Зафарбег Давлатзода, раҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ хабар дод, ки Бонки ҷаҳонӣ таъмиру навзсозии қисмҳои осебдидаи нақби 14-километраи обрасони Данғараро пурра маблағгузорӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай дар оғоз барои бе оби нӯшокӣ намондани аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ноҳия Данғара зимни корҳои таъмирӣ, ба масофаи 16 километр, аз минтақаи Себистон то баромадгоҳи нақб лӯлаҳои обгузари оҳании қутрашон 500 мм васл мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки нақби 14-километраи обрасонии Данғара ҳамчун иншооти муҳими стратегии давлат имрӯз дар қатори 10 нақби гидротехникии азими ҷаҳон шомил мебошад. Мувофиқи лоиҳаи сохтмон, ғунҷоиш ва қобилияти обгузаронии он дар як сония 100 метри мукааб об буда, барои обёрии зиёда аз 100 ҳазор гектар замин пешбинӣ шудааст. Нақб дар чуқурии 375 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, кандани он ба воситаи се шахтаи ёрирасон амалӣ шуда, онро соли 1986 ба истифода додаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар сарбанди нақб 6 дарвозаи пуриқтидор бо вазни 240 тонна васл шудааст. Имрӯз ҳолати ин дарвозаҳои сарбанд, бинобар гузаштани муҳлати хизматрасониашон, чандон хуб набуда, ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Аз 6 дарвозаи сарбанд 4-тоаш корношоям гаштааст. Оби тезҷараёни дарёи Вахш, зери дарвозаҳои сарбандро сӯрох карда, ҳолати ногувори садамавиро ба миён овардааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Кишорварз. Гармхонаҳо муҳимтарин омили фаровонии бозоронанд” чоп карда, менависад, ки дар ноҳияҳои вилояти Суғд бо технологияҳои муосири чинию туркию кореягӣ даҳо гармхона бунёд шудааст. Муаллиф меафзояд, ки ба унвони мисол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз лиҳози аҳолию ҳудуд аз ҷумлаи бузургтарин дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад, дар майдони қариб 27 гектар 204 гармхона бунёд ёфтааст.
Гармхонаҳои ноҳия дар таъмини ҳам аҳолии маҳаллӣ ва сокинони шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстону Истиқлол бо лимӯву помидору бодиринг, қулфинай ва сабзаҷот саҳм мегузоранд.
Дар идома таъкид мешавад, ки гармхонаҳои ин ноҳия дар таъмини ҳам аҳолии маҳаллӣ ва сокинони шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Гулистон ва Бӯстону Истиқлол бо лимӯву помидору бодиринг, қулфинай ва сабзаҷот саҳм мегузоранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар масоҳати 42,2 гектар 476 гармхона бунёд ёфтааст, ки дар аксарияти онҳо, асосан, сабзавот ва лимӯ парвариш мекунанд. То оғози моҳи декабр аз ҳисоби ҳамаи гармхонаҳои вилоят 5 ҳазору 995,6 тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст. Ҳамчунин, дар гармхонаҳо парвариши гулҳои ороишии рангоранг роҳандозӣ гашта, то оғози фасли зимистон беш аз 1 миллион дона гул парвариш шудааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 27 декабр хабар дод, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ бо тағйирот ба қонунгузорӣ барои соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пардохти иловагӣ таъин кард. Дар ин ҷаласа ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон дар ин ҷаласаи парлумон гуфт, ки тағйироти мазкур бо ҳадафи таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи вай, омӯзиши қонунгузории давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистон нишон дод, ки бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Беларус ва Русия пардохт барои нобудсозии худравҳо ҷорӣ шудааст.
Пардохти мазкур аз ҷониби мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ситонида мешавад. Пардохти мазкур аз ҳар як воситаи нақлиёт як маротиба ситонида шуда, аз натиҷаи он ба соҳиби нақлиёт санади тасдиқкунанда дода мешавад, ки он то давраи нобудсозии мошин эътибор дорад.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумораи худ мусоҳибае бо Илҳомҷон Оймуҳаммадзода Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст.
Ба гуфтаи Оймуҳаммадзода, омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз рӯи 56 лоиҳа пешбинӣ шудааст. Дар давоми се соли амалишавии барнома 58,9 дарсади объектҳои барномавӣ фаро гирифта шуданд.
Раҳбари Саридораи геология дар идома мегӯяд, ки айни замон дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 кони нафту газ бо захираҳои тавозун ба қайд гирифта шудаанд.
Номбурда таъкид мекунад, ки аз ҳаҷми умумии захираҳо танҳо 2,6 дарсади он кашф гардида, зиёда аз 50 майдони ояндадори нафту газ дар Тоҷикистон ба омӯзиши геологӣ ниёз доранд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 27 декабр мақлоае бо номи “Як соли Душанбе” чоп карда менависад, ки соли 2023 барои пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе соли бобарор буд. Бунёди биноҳои муҳташами истиқоматӣ, савдову хизматрасонӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси пойтахт аст.
Дар ин замина зикр мешавад, ки дар соли ҷорӣ 106 иншоот дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шудааст. Аз ин 7 корхонаи саноатӣ ва истеҳсолӣ, 4 бинои маъмурӣ, 5 муассисаи таълимӣ, 12 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 27 бинои истиқоматӣ ва ғайра мебошад, ки масоҳати умумии иншоот 431 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Гутфа мешавад, ки дар иншооту корхонаҳои навтаъсиси пойтахт зиёда аз 10 ҳазор нафар бо кор таъмин шудаанд. Масалан, ҳафт корхонаи саноатӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд, 4 000 нафар соҳиби ҷойи кор гардид.
Нашрияи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 29 декабр бо нашри матлабе аз ҳолатҳои зиёди нақзи қонунгузории андоз дар соли 2023 ёдовар шудааст. Ба навиштаи муаллиф, бо вуҷуди он ки барои андозсупорандагон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, онҳо аз имтиёзҳо бархӯрдор мегараданд. Аммо, бо ин вуҷуд, ҳамоно қонунвайронкунӣ аз тарафи андозсупорандагон ба мушоҳида мерасад.
Барои мисол муаллиф менавсиад, ки тибқи иттилои масъулони Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1-уми декабри соли 2023 нисбати андозсупорандагон 4 ҳазору 76 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 245 адад зиёд мебошад. Маблағи ҷарима беш аз 25 миллиону 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 18 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”