Имрӯз бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони “Моҳии тиллоӣ” доир гардид.
Намоишномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2024 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасони пойтахт баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ 2500 кӯдаки ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт иштирок доштанд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед оғоз намуда, нахуст паёми шодбошии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодии 2024 ба унвонии тамоми кӯдакону наврасони пойтахт расонид.
Воқеаву рӯйдодҳои намоишномаи “Моҳии тиллоӣ” дар саҳнаи Сирки давлатӣ бо ороишоти афсонавӣ ба таври хотирмону таъсирбахш сурат гирифта, он аз ҷониби ансамблҳои рақсии кӯдаконаи “Ғунчаҳои пойтахт”, “Лаъл”, “Меҳрона”, “Гулрез”, “Зебо”, Мактаби бачагонаи санъат ба номи М. Аминзодаи назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, дастпарварони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, Сирки давлатӣ ва дигар марказҳои фарҳангиву таҳсилотии пойтахт пешниҳод гардид.
Бо пешниҳоди намоиши солинавӣ ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд, иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахаюлот ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид менамуданд.