Дар соли 2023 Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 8,3 фоизро ташкил дода, ба 130 млрд сомонӣ расид. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, зикр гардид.
Дар идома Пешвои миллат қайд намуданд, ки соли равон даромади буҷет 102 фоизро ташкил намуда, асосан ҷиҳати таъмини масъалаҳои иҷтимоӣ равона карда шуд. Аз ҷумла 40 млрд сомонӣ ба ин самт равона шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки новобаста ба хавфҳои эҳтимолӣ ба иктисоди миллӣ ва низоъҳои байналмиллалӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ҳафт соли охир 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД 1,5 баробар зиёд шуд.
Шоистаи Аҳмад