Дар соли равон ба НБО “Роғун” 5 милиард сомонӣ ҷудо гардидааст. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, зикр гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон қайд намуданд, феълан дар ин нерӯгоҳ ҳудуди 15 000 нафар кор мекунанд ва 5 000 нафар корманд намерасад.
Гуфта шуд, ки агрегат сеюми НБО “Роғун” соли 2025 ба истифода дода мешавад.