Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ зери унвони “Масъалаҳои мубрами луғатшиносии тоҷик: мушкилот ва дурнамо” бахшида ба 80 солагии номзади илми филология, дотсент Ҳуснигул Талбакова баргузор гардид.
Тавре хабарнигори радиои Тоҷикистон Сарвинози Сайдалӣ хабар медиҳад, дар ин конференсияи ректори донишгоҳи мазкур профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишкадаи байналмиллалии забонҳои хориҷии кишвар ба номи Сотим Улуғзода, Жило Гулназарзода, устодони факултети филология ва журналистика, наздикони Ҳуснигул Талбакова ва донишҷӯёни ДМТ иштирок намуданд.
Дар конференсия гуфта шуд, ки номзади илми филология, дотсент Ҳуснигул Талбакова ба масъалаҳои луғатшиносӣ таваҷҷӯҳи хоса дошт ва дар ин самт таҳқиқу корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.