Имрӯз дар қаламрави кишвар 1162 солагии сардафтари адабиёти класикии форсу – тоҷик одамушуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Муҳақиқони адабиёт исбот намудаанд, назми оламшумори устод Рӯдикӣ дар ягон замон маҳбубияти худро гум намекунад. Сардафтари адабиёти форсу – тоҷик одамушуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз бузургони адабиёти халқи тоҷик ва арсаи ҷаҳон мебошад.
Бино ба ақидаи муҳаққиқони адабиёт бузургтарин ҳунари Рӯдакӣ он аст, ки бо эҷоди асарҳои худ ба қудрату ғановатмандии забони форсу – тоҷик вусъат бахшидааст. Аз ҷумла адабиётшинос Мирзо Солеҳов бар он ақида аст, ки забони шеъри Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ зебову ғанӣ ва оммафаҳм мебошад. Адабиётшинос Мирзо Солеҳов иброз намуд, ки устод Рўдакӣ чор рисолати таърихиро анҷом додааст: “Якум рисолати таърихии Рўдакӣ дар он аст, ки арзишҳои адабии моро эҳё ва устувор карда барои оянда роҳ кушоданд. Яъне ба адабиёти форсии тоҷикии давраи нав бунёд гузоштанд. Дуюм рисолати таърихии устод Рўдакӣ аз он иборат аст, ки бо эҷод намудани назму наср ба забони адабии тоҷик бунёд гузошт. Сеюм рисолати таърихии устод Рўдакӣ аз он иборат аст, ки ў сабки нахустини адабӣ, яъне сабки хуросониро кашф кард. Чаҳорум рисолати таърихии устод Рўдакӣ дар он маънидод карда мешавад, ки бунёди мактаби адабии ҳунарии бухороии Рўдакӣ аст, ки ин мактаб аз рўйи ахбори сарчашмаҳо то 300 нафар қувваҳои адабиро дар бар мегирифт, ки ин барои адабиёти минбаъдаи мо роҳ ҳамвор кард”.
Адабиётшинос Мирзо Солеҳов иброз медоранд, ки то ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ осору адибони форсу – тоҷик ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд ва хушбахтона дар давраи навини давлатдорӣ тамоми эҷодиёти шоирони асримиёнагӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтааст: “Яке аз ғамхориҳои бисёрҷидии ҳукумати миллӣ дар замони истиқлоли сиёсӣ барои эҳёи арзишҳои миллӣ аст. Саҳме, ки бузургони мо дар асрҳои миёна дар таърихи адабиёт ва фарҳанги миллии мо анҷом додаанд, меарзад, ки миллат дар ҳар лаҳза онҳоро ёдоварӣ кунад омўзад, зеро он миќдор адибе, ки мо дар асрҳои миёна дорем миллатҳои дигари ҷаҳон надоранд, ки ин миќдор барои дигар миллатҳо орзуи иҷтимоӣ аст. Мо дар асрҳои миёна 30 ҳазор эҷодкору шоир доштем, ки сарвари онҳо устод Абуабдуллоҳ Рўдакӣ аст.
Воқен ҳам баъди ба даст овардани истиқлоли комили сиёсӣ роҳбари давлат ба осору ашъори безаволи бузургони илму адаби халқи тоҷик тавваҷуҳи махсус намуда ҳамасола солгарди ин ё он адиб таҷлил карда мешавад, ки истиқбол намудани рӯзи Рӯдакӣ низ исботи ин гуфтаҳо мебошад. Лозим ба қайд аст, ки Сардафтари адабиёти форсу – тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз нобиғаҳои халқи тоҷик ба шумор меравад. Зеро устод Рӯдакӣ миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муарифӣ карда, адабиёти пурғановату куҳанбунёди моро асос гузоштааст. Аз ин рӯ имрӯз ҳар фарди ҷомеаро мебояд, ки панду ҳикматҳои ин шоири тавонои тоҷику форсро омӯзанд ва дар кору фаъолияти худ пеша кунанд.
Нуралӣ Давлат
радиои “Тоҷикистон”