Аз ҳама санъати воло синаморо гуфтаанд. Аммо, дар тафовут ба синамо, театр ҳамеша зинда аст. Агар дар театр як намоиш сад бор бозӣ карда мешавад, ба сад шева сурат мегирад. Барои чӣ театр муҳим аст? Чаро мардум ба театр мераванд? Барои чӣ театр мавҷуд аст? Ва театр дар ҳаёти инсон чӣ нақш дорад? Ин ва чанд пурсишу посухро роҷеъ ба теар бо Директори театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидзода радду бадал хоҳем кард. Тавре маълум аст, театри тоҷик фаротари 90 сол аст фаъолият мекунад, саҳеҳтараш, имсол аз таъсиси он 94-сол пур шуд. Дар ин фосила наслҳои зиёду мухтиалифи театриро мо медонем ва аз ҳунари волояшон бохабарему баҳра бурдаем, низ корномаҳои эшон дар саҳифаҳои тиллоии таърихи театр ҳаккокӣ шудааст. Насли имрӯзи театр, яъне ҳунарпешаҳои насли мо ҳамзамони моянд ва ман худро хушбахт медонам, ки ҳунари эшонро аз наздик мебинам.
– Ба назари шумо, театр дар ҳаёти инсон чӣ арзиш дорад ва чаро мардум бояд ба театр бираванд?
-Ташаккури зиёд! Қаблан бисёр хуш омадед ба вилояти Хатлон, ба театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар. Ин омаданҳо, ин суҳбатҳо ва ин муҳаббатҳо барои ҳар ҳунарманд илҳоми хосае, илоҳоми тозае мебахшад. Ин саҳна бисёр муқаддас аст.
Ин ҷаҳон аз рӯзи аввал саҳнаи гардон,
Мо фақат дар саҳнаи он гирдгардон, гиргардон,
Ҳамчун чашми гусфанди кушта ҳайрон,
Гоҳ хандон, гоҳ гирён, гоҳ барқу гоҳ борон.
Бо ҳазору як усул нақш мебозем.
Ин ҳама нақшҳои офаридаи мо ҳунармандон нақшҳои зиндагист. Ҳама нақшҳои ин саҳнаи муқаддас бозгӯи рӯзгори ҷомеа мебошанд. Нақши мухлисони театр аст. Театр бисёр ҷойи муқаддас аст. Беҳуда театрро оинаи зиндагӣ нагуфтаанд. Ягона шоҳу маликаи саҳна – ин ҳунарманд аст. Дар ҳақиқат театр аст, ки инсон ҳар камбудӣ, ҳар беҳбудии худро тавассути намоишҳои театр ва бозии ҳунарпешаҳо мебинад, пеш аз ҳама худро мебинад, камбудиҳои худро меёбад. Фикр мекунам, ки тавассути ҳамон асарҳо, тавассути ҳамон нақшофариҳо имрӯз бинандаи азиз, бинандаи асили театр аз таърих, аз худ, аз гузаштаи худ огоҳ мешавад ва ояндаро месозад. Воқеан, театр барои ҷомеа хеле муҳим аст. Имрӯз мо ба василаи театр миллатро тарбият мекунем, ба василаи як намоиш ё як порчаи он, ки ҳунармандон бо хуни ҷигар рӯйи ин саҳна нақш меофаранд. Агар дар ҳамин толор 700 нафар нишаста бошад, ҳар сухан ба ҳар як тамошобин чизе бахшида метавонад, яъне, театр саропо маънист.
– Ҳоло мо дар саҳнаи муқаддаси театри мусиқӣ–мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар нишастем ва ин даргаҳи қадамҷойи бузургони ин макон аст. Вежа, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоеви худобиомурз қабл аз шумо роҳбарии ин театрро бар уҳда дошт. Ва ҳоло чанд рисолат бар шонаҳои шумост. Ҳам роҳбарии театр, ҳам ба сифати ҳунарпеша дар намоишҳо нақшҳои марказӣ меофаред ва низ дар ҳама сафарҳои ҳунарии театр, роҳбарии гурӯҳи эҷодӣ ҳастед. Иҷрои чанд вазифа барои як инсон сангин нест?
– Дар ҳақиқат бисёр душвор аст. Вақте, ки ҳунарманд якчанд рисолатро пешаи худ мекунад, барои иҷрои ин ҳама, касбият ва қобилияти воло ва таҷриба лозим аст. Таҷрибаи кофӣ ва дақиқ, дониши фаррох ва маҳорати баланд боис мешавад, ки инсон дар ин кор муваффақ ояд ва ба қуллаҳои дигар бирасад. Ва ман шукр мекунам, ки мани ҳунарпешаро аз тарафи ҳукумати вилояти Хатлон ба сифати директори театр таъин карданд. Ин ҳама самараи заҳматҳои устодони азиз аст. Тавре шумо иброз доштед, саҳми устод Аловиддин Абдуллоев чун инсони шариф ва устоди ғамхор, дар фаъолияти эҷодии ман бузург аст. Дар масири фаъолияти роҳбарӣ бошад ман аз эшон ниҳоят миннатдорам, чунки ба сифати муовини он кас дар ҳамин театр шаш сол кор кардам. Дар таҷрибаи корӣ бисёр чизҳоро омӯхтем, бисёр чизҳоро дидем. Дар сафарҳои кории Пешвои миллат ба ҳайси коргардон, таҳиягар ва басаҳнагузорандаи намоишҳои театрикунонидашуда фаъолият намудем. Инчунин дар вилоят, дар тамоми варзишгоҳҳои бузург чун саркоргардони барномаҳои фарҳангӣ иштирок варзидем. Ин ҳама аз таҷриба аст. Дар раванди фаъолият, инсон оҳиста-оҳиста пухта мерасад. Имрӯз рисолати банда пеш аз ҳама роҳбарӣ аст ва дар ин баробар, барои пеш бурдани фаъолияти эҷодии театр кӯшиш мекунам. Ҳоло дар театри мо бештар аз 90 нафар дар шумули ҳайати эҷодӣ ва техникӣ фаъолият доранд. Ифтихор мекунам, ки ман дар ҳамин театр бар камол расидаам. Баъди хатми риштаи бозигарии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, оғози кори ман аз ҳамин театр буд ва инак қариб 15 сол гузора шуд, ки дар ҳамин даргаҳ фаъолият мекунам. Ҳар инсонеро, ки болои касе роҳбар мегузоранд, хоҳ як кас бошад, хоҳ даҳ кас ё сад нафар, бояд дархӯрди дарди зердастонаш бошад. Ба ростӣ бисёр душвор аст ҳам роҳбарӣ ва ҳам нақшофарӣ ва фирк мекунам заҳматҳои кашидаи устодон дар тарбияи мо имрӯз самар додаанд, то мо рисолати бар дӯш доштаамонро сарбаландона иҷро намоем. Ҷое нақш меофарему ҷое суруд мехонем, ҷое мерақсему кори коргардонӣ мекунему вазифаи роҳбарӣ низ. Чун театри мо вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ аст, истифодаи жанрҳои театрӣ дар ин саҳнаи бузург фаррох аст. Ҳунарпешаҳои мо ҳам нақш меофаранд ва ҳам суруд мехонанд. Онҳо хеле боҳунар ҳастанд.
– Яъне, ин ҷо зиндагӣ мекунед…?
– Бале.
– Аз таҷрибаҳо дидаему медонем ва мардум низ бар ин назаранд, ки эҷодкор, ки агар роҳбар шуд, аз кори эҷод қафо мезанад. Гӯянд, ки эҷодкор бояд роҳбар набошад ва ӯ бояд ҳамвора пайи офариниш бошад. Ва роҳбарӣ бар дӯши эҷодкор як кӯҳи азим аст. Шумо чӣ назар доред?
– Дуруст аст. Шумо ҳақ ҳастед. Вақте эҷодкор дар даргаҳи эҷодие фаъолият мекунад, чун театр, фикр мекунам чандон душвор нест, яъне ба ҳадди нотавонӣ нест. Ман чанги ҳамин саҳнаро хӯрдаам, бо ҳунарпешаҳояш унс гирифтаам, камол ёфтаам, таҷриба бардоштаам, аз ҳунарпешаи қаторӣ корро оғоз карда, худамро ҳамин ҷо сохтаам. Аз ҳамин лиҳоз, бароям чандон мушкил нест.
– Ҳоло театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Бохтар, ки мо феълан дар меҳвари саҳнаи муқаддами ҳамин даргаҳ нишаста суҳбат дорем, ин театр дар Озмуни фаромилии театрҳои касбии “Парасту” бешумор ширкат намуда, борҳо ҷоизаҳои мухталифро соҳиб гардида, се мавсими охир, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ мушарраф шудааст. Ва ин мақомҳои шоистаи дар замони роҳбарии шумо ба даст омаданд. Шумо ба чӣ шева фаъолиятро ба роҳ мондаед? Махсусан намоиши “Зол ва Рудоба”, ки дар “Парасту-2023” ҷойи дуюмро сазовор шуд.
– Ташаккури зиёд. Дар ҳақиқат он намоишномаҳое, ки дар “Парасту” – ҳои пешин ширкат меварзиданд, аз ҷониби тамошобинон, аъзои ҳакамон ва мунаққидони санъати театр бисёр хуб пазироӣ шуд. Ва аз ҷониби театри мо беҳтарин намоишҳо пешниҳод мегардид. “Найрангҳои Скапен” дар таҳияи шодравон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон устод Аловиддин Абдуллоев, “Аршин мал алан” дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов, “Ҳусейни аробакаш”, “Саҳна ва ишқ” ва чандин намоишҳои дигар пешниҳоди тамошобини асили “Парасту” мегардиданд ва ҷоизаи беҳтарин нақши занона ва беҳтарин нақши мардона соҳиб мешуданд. Аз ҷумла “Волидони беворис” – и Муҳаммад Ғоиб сазовори ҷоизаи нақши мардонаву занона шуд. Устод Аловиддин Абдуллоев дар “Аршин мал алан” ва “Найрангҳои Скапен” ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро моли худ карда буданд. Хулоса, ҳар намоише, ки дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии “Парасту” ширкат мекард, бе ҷоиза барнамегашт. Яъне, беҳтарин нақшҳои занонаву мардона, ороиши мусиқӣ, ороиши саҳна, кори коргардонӣ ва ғайра ба коми театри мо мешуд. Ва соли 2019, ки банда ба ҳайси роҳбар таъин шудам, намоиши “Карим девона” – ро дар таҳияи Қурбонмаҳмад Шукурзода аз рӯйи асари Тӯрахон Аҳмадхонов ба “Парасту” бурдем. Мунаққидон аз Федератсияи Русия ва якчанд давлатҳои дигар буданд ва “Карим девона” – ро бисёр асари хуб маънидод карданд. Ва ин намоиш дар миёни ҳама театрҳо мақоми сеюмро гириифт. Соли 2021 мо боз ҳам дар “Парасту” ширкат кардем ва намоиши “Бежан ва Манижа” – ро манзури мухлисон намудем. Ин нахустин кори ҳунарии мо аз “Шоҳнома” – и ҳақим Фирдавсӣ буд. Асари мазкур дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ва саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус рӯйи саҳнаро дид. Мо бо ин намоиш сазовори ҷойи дуюм шудем. Албатта ин барои мо боиси ифтихор буд, ки ҳунармандони театри шаҳри Бохтар дар ду “Парасту” пайёпай мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданду болидарӯҳ. Тавре шумо қайд кардед, соли 2023 театри мо миёни 18 театрҳои касбии ҷумҳурӣ бо намоиши “Зол ва Рудоба” дар “Парсту” боз ҳам зинаи ифтихории дуюмро ишғол намуд.
– Ин намоиш ҳам дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ва саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус аст, не?
– Бале. Ва барои мо боиси ифтихору сарфарозист, ки намоишҳои театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз ҷониби ҳакамон бо диди дуруст, баҳои арзанда ва истиқболи самимӣ пазироӣ карда мешавад. Яъне, театри мо дар се “Парасту” – и охир сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Ин ҳама музаффариятҳо на танҳо барои ҳуанрмандони театр, балки барои кулли мардуми сарбаланди вилояти Хатлон муҷиби хушнудист. Ва дар ин театри муқаддас беҳтарин чеҳраҳо фаъолият кардаанд. Яъне, ин мактаби бузурги ҳамон ҳунармандони беҳтаринест, ки имрӯз аксарияти эшон дар ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд ва тоифаи бештари онҳо унвони ҳунарпешаи халқиро доро ҳастанд. Заминаи асосии фаъолияти онҳо дар ҷодаи интихобкардаашон аз тетари мо оғоз ёфтааст.
– Аз ҷумла Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова…
– Бале. Ҳамчунин ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон шодравон Фаррух Қосимов, Қурбон Собир, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдулмуъмин Шарифӣ, Қурбони Ҳомид, Бибимоҳ Маликова, Ходими хизматнишондодаи санъати ТоҷикистонЗафар Ҷаводов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шавкат Халилов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Амина Табарова, Гулчеҳра Наимова ва як идда ҳунарпешаҳои дигар нахуст дар теъатри мо фаъолият карда, аз ин даргаҳ нуфузи худро пайдо кардаанд. Ва албатта эшон ифтихори ҳунармандони вилояти Хатлон аст.
– Оре. Ман хушбахт ҳастам, ки намоиши “Зол ва Рудоба” – ро ду бор тамошо кардам. Нахуст дар “Парасту” дар саҳнаи тетари опера ва балет ва дори дуюм дар саҳнаи тетари худатон. Шумо дар як суҳбат зикр карда будед, ки барои таҳияи ин намоиши муҳташаму таърихӣ, ки аз рӯйи достони заволнопазири ҳазрати Фирдавсии Тус таҳия шудааст, он ҷо аксаран ҷавононро ҷалб кардаед, яъне, аксари ҳунарпешаҳо ҷавон ҳастанд. Ва ҳатто чанде аз ҳунарпешаҳои ҳамин театр, ки худашонро ба бознишастагӣ зада буданд, онҳоро низ дубора даъват кардед ва дар “Зол ва Рудоба” банд. Пас, яъне, гуфта метавонем, ки бо таҳияи ин намоиши зебо шумо баъзе ҳунармандонро дубора зинда кардед. Чӣ гуна эшонро розӣ кардед, ки дигарбора баргарданд?
– Пеш аз ҳама барои ҳар як театр коргардон хеле муҳим аст ва нақши муассир дорад. Коргардони хуб метавонад ҳамаро сарҷамъ кунад. Ва агар коргардон ҳунари хубу воло дошта бошад, ҳунармандон низ бо ӯ ҷур мешаванду ба кор дилгарм. Хурсандибахш аст, ки як коргардони ҷавону талошварзу муваффақ Баҳром Қурбонзода тули чанд сол аст бо мо ҳамкорӣ дорад ва якчанд намоишҳои беҳтаронро дар театри мо таҳия кардааст. Ва то ҷое қолаби шахшударо ҳам дигаргун сохт. Баҳром аз мактаби бузурги рус сабақ гирифта, дар Маскав ва Тошканд таҷриба кофӣ кардааст. Бо даъвати мо ҳамроҳи ҳунарпешаҳои театри Хатлон фаъолияти самарабахш нишон дод. Кори пурмаҳсули ӯ ҳунарпешаҳои моро бедор кард. Аслан ҳунармандони театри мо қолабшиканиро бисёр дӯст медоранд ва хеле пурҳунар низ ҳастанд, яъне, шахшуда нестанд. Барои ҳамин, будани коргардон дар театр басо муҳим аст ва театр бидуни когардон пойдор буда наметавонад. Албатта рафтани баъзе ҳунарпешаҳо аз театр як ҳодисаи маъмулӣ ҳам набошад, аммо ин раванд хоҳ нохоҳ ҳаст ва мо наметавонем гоҳо пеши раҳи онҳоро бигирем. Чун шароити зиндагӣ маҷбурашон месозад, ки барои пеш бурдани рӯзғорашон ҷойи сердаромадтареро интихоб намоянд ё муҳоҷират бираванд. Аксари онҳо муҳоҷиратро интихоб мекунанд. Агар онҳоро мо нигаҳ дорем, ба эшон 5 ҳазор сомонӣ дода наметавонем-ку. Ба ҳамин хотир ба сабаби вазъи хонаводагӣ, мераванд. Ва таҷрибаҳо нишон додаанд, ки бисёр ҷавонони мо аз театр рафтанд ва бо мурури замон дубора баргаштанд. Ва дарк карданд, ки бе театр ҳаёташон беранг аст. Дар хуни онҳо, дар вуҷуди онҳо санъати бузурги театр нуҳуфтааст. Мераванду меоянд…
– Каволаи суҳбати мо роҷеъ ба коргардонҳое, ки дар ин театр заҳмат кашидаанд, фосилаи ин ҳама солҳо бо намоишҳои таҳиякардаашон мардумро мухлиси ҳамин театр сохтаанд, печид. Ҳамчунин, мехостам перомуни як анъанаи хеле зебое чанд каломи дигар гуфта бошед. Яъне, роҷеъ ба онҳое, ки дар ин театр аз як хонавода ду нафар фаъолият меукунанд, махсусан зану шӯй. Ин анъана дар ҳама театрҳои дунё мавҷуд аст. Аз ҷумла дар театри шумо низ. Масалан дар намоиши “Зол ва Рудоба” Дилафрӯзу Фирдавс, ки зану шавҳар ҳастанд, Зол ва Рудобаро бозиданд.
– Дуруст қайд кардед. Соли 1979 театри мо дубора барқарор шуд ва сар аз соли 80-ум Меҳринисо Ҳоҷибоева, Бурҳониддин Раҷабов бо ҷамъи ҳамкурсонашон ба ҳамин театр кор омаданд. Аз ҳамон ҳин Меҳринисо Ҳоҷибоева ва Бурҳониддин Раҷабов издивоҷ карданд, то кунун дар ҳамин даргоҳ фаъолият доранд ва ҳарду унвони ифтихории ҳунарпешаи халқиро доро мебошанд. Бештар 43 сол аст, ки онҳо зану шӯ ҳастанд ва маҳз сарсупурдагӣ онҳоро нагузошт, ки тарки театр намоянд. Ҳоло бошад ҷавонони дигари мо Фирдавси Турдиалӣ ва Дилафрӯз Саидова дар театри мо ҳастанд ва ҳарду зану шавҳар мебошанд. Дар бисёр намоишҳо ҳамбози ҳаманд. Ва ҳар куҷое мо иқрор мешавем, ки онҳо зану шавҳаранд, ба эшон бо як шавқу муҳаббати хос назар мекунанд. Вақте зану шавҳар дар як ҷо кор мекунанд ва ҳамдигарро мефаҳманд, ин хеле хуб аст. Боз як ҷуфти дигар дорем Азизҷон Сайфуллоев бо Гулшанбону навакак хонадор шуданд ва фирк мекунам, ки қалби онҳо барои хидмат ба театр меҷӯшад. Вақте устод Аловиддин Абдуллоев аз миёни мо рафт, он лаҳза мо гуфтем, ки театр мурд, гуфтем қанатамон шикаст. Зеро ӯ бузург буд, ӯро миллат мешиносад, миллат аз ӯ ифтихор мекунад. Ва сад шукр имрӯз дар театри мо ҷавонони зиёде ҳастанд, ки кору ҳунари устодро идома медиҳанд. Ҳунармандони ҷавони аз шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла Панҷ, Ҳисор, Ҳамадонӣ ва манотиқи дигари Бохтар ҳастанд. Баъзеҳояшонро аз ҳисоби маблағҳои театр бо иҷора таъмин кардаем. Ин албатта барои фаъолияти минбаъда ва дилгарм шудани онҳо мусоидат мекунад. Ин албатта дӯстдории онҳо нисбати театр аст.
– Ҳоло гоҳ-гоҳ мехонем дар сомонаҳои иҷтимоӣ, вижа дар саҳифаи Фейсбук. Бархеҳо аз театр ҳанӯз ҳам шикоят доранд. Шояд онҳое, бошанд, ки боре ҳам ба театр нарафтаанд. Аммо, бар он назаранд, ки театри тоҷик имрӯз таработи моро қонеъ намекунад. Асарҳои тоза, нигоҳи тоза даркор, драматургияи нав мебояд. Театр бисёр ниёзманд аст. Ва онҳое, ки пайваста ба театр пайвастаанд, назари дақиқу дуруст доранд. Шумо чӣ ҳарфе иқроред?
Он ҳарфҳое, ки аз ҷониби тоифаи аввал гуфта мешавад, яъне онҳое, ки боре ҳам ба театр нарафтаанду театрро интиқод мекунанд, бисёр ғалат мекунанд. Ҳар намоише, ки дар ҳар театр нишон дода мешавад, аз мазмуну муҳтаво ва манфиат орӣ нест. Чӣ қадима бошаду чӣ муосир. Танҳо танбалии онҳоест, ки ба театр намеояд, ягон намоишро тамошо намекунад ва чунин суханҳоро мегӯяд.
– Яъне, айби тамошобин аст, ҳунарманд гуноҳ надорад?
– Бале. Ҳунармандон ё театрҳо ҳиҷ гуноҳ надоранд. Дар театрҳо ҳамасола то се чор намоиш тавлид ва манзури бинандаҳо карда мешавад. Як асари бузургҳаҷм, ки як достон, як китоб аст, дар шакли мухтасар давоми як ё ду соат рӯйи саҳна намоиш дода мешавад. Як асари комил бардошта аз як китоб, онро бинанда мебинаду як дунё маънӣ мегирад, лаҳзае пеши чашми тамошобин нишон дода мешавад. Онҳое бар ин назаранд, ки театр фаъолият надораду ягон асари дуруст таҳия намекунад, агар худаш китобро ба даст бигирад, асло онро то охир мутолиа намекунад, намехонад. Мо ҳамчун ҳунарманд аз намоишҳои худамон лаззат мебарем, кайфият мегирем. Ҳунамандони театри мо ҳамвора кушиш мекунанд, ки барои тарбияи насли ҷавони миллат, муаррифии фарҳангу таърихи худ саҳми чашмги гузошта бошанд. Ҳамчунин тариқи асарҳои драматургони ҷаҳонӣ бинандаро бо таъриру фарҳанги дунё ошно кардан танҳо театр дасти боло дорад. Ҳар сухане, ки дар ҳар намоиш аз ҷониби драматургон рӯйи авроқ навишта мешавад, онро шӯрои бадеии театр ва вазорати фарҳанг қабул мекунад. Ҳар ҳарфу калима то рӯй саҳна омадани намоиш таҳлил, мавриди баҳсу баррасӣ ва суфта карда мешавад, то ба бинанда чизе бахшида тавонад. То тавлиди як асар, ҳунарманд, коргардон ва дигар ҳайати тетарӣ хуни ҷигар мешаванд. Ҳам ҳунарманд барои офаридани образи худ чӣ қадар талош ва заҳмат мекашад, то нақши офаридааш хуб ва ба тамошобин писанд бошад. Сардиву гармӣ барои ҳунарманд аҳамият надорад. Ҳар ҳунарманди асилу касбӣ, худфиребиро раво намебинад. Яъне, кори театр афсона нест. Ман ба тамошобини азиз иброз медорам, ки театр зинда аст, театр фаъолият дорад. Ва имрӯз ҳунармандони мо дар ин кохи муҳташам пайваста пайи эҷод ҳастанду нақш меофаранд. Ҳунарманд месӯзаду месозад.
– Маъмулан инсонҳо мехоҳанд ҳарчӣ бештар дар марказ фаъолият дошта бошанд, мавриди таваҷҷуҳи хосу ом қарор бигиранд ва муваффақтар бошанд. Баъди фориғултаҳсили риштаи бозигарии донишкада шумо низ ин андешаро доштед? Яъне, нияти театрҳои пойтахт рафтан кардед?
– Баъди хатми донишкадаи санъат ва фарҳанг ба ман пешниҳод карданд, ки ё дар донишкада ба ҳайси омӯзгор бимонам ё яке аз театрҳои пойтахтро интихоб кунам. Аммо, ман инкор кардаму гуфтам, ки назди аҳли хонаводаамон меравам ва дар театри худамон фаъолият мекунам. Чунки ин театр барои ман ҷойгоҳи муқаддас буд ва бисёр онро дӯст медоштам ва ҳоло ҳам чунин аст. Муҳит инсонро месозад, махсусан ҳунармандро тарбият мекунад. Муҳит, ки дигар шуд, қимати ҳунарманд ҳам дигар мешавад. Инсон дар як ҷо кор карда, рамузи онҷоро мемӯзад ва таҷрибаашро сайқал медиҳад. Ба ҳар куҷое, ки рафтӣ, аз нав оғоз мекунӣ.
– Яъне, шумо ҳиҷ вақт нахостед ба театри Лоҳутӣ биравед?
На, нахостам. Чунки ин ҷо бароям ягон мушкилӣ набуд. Ҳайати ҳунармандон бароям ошно буданд. Чизе маро халал намерасонд.
– Ҳоло мехоҳам атрофи сафарҳои ҳунарӣ чанде қисса карда бошед. Бузургону донандагон мудом таъкид меварзиданд, ки театр барои ҳар кас нест, ҳар кас тамошобини театр буда наметавонад ва театр бе сафарҳои ҳунарӣ поянда намемонад. Барои анҷом додани сафарҳои пайёпайи ҳунарӣ, чӣ мушкил аст?
– Бештар аз ним сол мешавад, ки сафарҳои ҳунарӣ надоштем, пайи тамрини намоишҳои нав будем. Воқеан ҳар театр, ҳар ҳунарманд бояд пайваста дар сафарҳои ҳунарӣ бошад, ба назди мардум биравад, чунки театр бе мардум маҷуд дошта наметавонад. Ҳунармандон ҳамеша пайи кор ҳастанд ва орзу мекунем, ки сафарҳои ҳунарии мо бисёр бошанд. Фирк мекунам, ки оҳиста-оҳиста мардуми мо дубора ба театр рӯ меоранд. Имрӯз аз сӯйи ҳукумати кишвар, Пешвои муаззами миллат театрҳо ва кохҳои фарҳангӣ бунёд мешаванд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ояндаи театр рушан аст ва мо низ ба он умед мебандем, ки чунин бошад. Ба наздикӣ аз вазорати фарҳанги кишвар ба мо мактуб расид, яъне аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои иштирок дар яке аз фестивалҳои бонуфузи бо номи “Фаҷр” даъватнома расид. Мо намоиши “Зол ва Рудоба” – ро пешниҳод кардем, агар қабул шавад, мо моҳи январи соли 2024 сафар хоҳем кард. Ин барои мо ифтихор аст. “Ишқ аз интернет”, “Бежан ва Манижа”, “Зол ва Рудоба” ва дигар намоишҳоро ба манотиқи мухталифи вилояти Хатлон пайваста мебарем ва манзури мухлисон мегардонем. Ҳамчунин ҳунармандони мо дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии вилоятӣ, ҷашнвораҳои бошукӯҳ, аз ҷумла Наврӯз, Истиқлол, Ваҳдат ва дигарҳо ширкати фаъол доранд.
– Ба ин ҳама аз куҷо фурсат меёбед?
– Агар инсон хоҳад, фурсат меёбад. Агар гӯям, ки ман танҳо роҳбар ҳастам, фақат сари кор мешинаму супориш медиҳам ва дигар коре анҷом намедиҳам, пас, ҳунари ман куҷо мешавад? Ҳунари ман мемирад, сайқал намеёбад. Пеш аз ҳама завқу хоҳиш моро ба ин водор месозад. Ҳунармандони мо то 10-15 нафар дар ҳамчун чорабиниҳо ширкат меварзанд, аз ҷумла банда низ.
– Дар интиҳо ман умед дорам, ки ҳамеша саҳнаи театр пур аз тамошобин бошад ва дар тарғиби театр ҳама саҳим бошанд. Имрӯз интернет хеле фаъол аст ва чун аз пеши дидаи ҳар нафар эълони театр ё ягон намоиш падид меояд, ман хоҳиш доштам, ки онро бознашр кунанд, то дигарон бубинанд. Агар ба театр намеравед, ақалан як бор эълонҳои театрро дар Фейсбуку Инстаграми худатон бознашр намонед, ин хидмати шумо барои рушди театри тоҷик хоҳад буд. Шумо чӣ назар доред?
– Дуруст гуфтед. Беҳуда Пешвои миллат фарҳангро ҳастии миллат нагуфтаанд. Ҳама заҳматҳои кормандони театр ба хотири фароғату маънавиёти мардум аст. Дар ҳеҷ ҷо бе фарҳанг буда намешавад. Мо ҳамеша аз Рӯдакиву Саъдӣ, Ҳофизу Бедил, Фирдавсиву Хайём ва дигарон мегӯем. Ва
Ҳофизу Ҷомиву Бедил бо малакҳо сохтанд,
Бо фалак омехтанд ҳарфи дили бекинаро.
Нур пошиданду алфози ҳақиқӣ рӯйи дил,
Ин бузургон зинда карданд миллати оинаро.
– Изҳори сипос барои суҳбати вижа ва пурмуҳтавоятон.
– Бори дигар хуш омадед ба шаҳри Бохтар!
Суҳбаторо Лутфуллои Азиз