Имрӯз 26-уми ноябр дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳанги- фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «16-рӯзи мубориза алайҳи зӯроварии гендерӣ» таҳти унвони «Оила бидуни зӯроварӣ» бо ибтикори Муассисаси давлатии «Маркази худшиносии бонувон» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мақсад аз баргузор шудани ин чорабинӣ баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мебошад.
Дар оғози чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди фарҳанги оиладорӣ, тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо изҳори андеша намуд.
Сипас, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим дар зикр бар он намуд, ки бунёди оилаи солиму бофарҳанг, зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳои оилавӣ дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷихати баланд бардоштани ммаърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд.
Инчунин дар чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон баргузор гадид, ки хотири ҳозиринро шод гардонид.
