Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Точикистон” бо ибтикори Муассисси давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавзуи “Дастовардҳо ва мушкилиҳо дар самти пешгирии интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак дар ҶТ” мизи мудаввар доир гардид.
Дар ин хусус ҳамкорамон Мафтуна Холматзода аз ҷараёни мизи мудаввар ба мо иттилоъ дод. Дар кори он табибон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Саодат Ватанова, мутахассиси щуъбаи диспансерии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВМНО” маъруза намуда, оиди пешгирии ин беморӣ дар байни занони ҳомила ва кӯдакони онҳо гуфт, ки занони ҳомилаи гирифторони ВНМО ҳамавақт бояд зери назорати ҷиддии табибон қарор дошта бошанд, то сирояти ин беморӣ аз модар ба кӯдак кам гардад.