Тоҷикистонро 6 нафар дар Олимпиадаи байналмилаии «IJSO-2023» намоянд мекунанд

Дар 20 – умин Олимпиадаи байналмилаии «IJSO-2023» Тоҷикистонро 6 нафар дар ҳайати як даста муаррифӣ менамояд.

Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба радиои Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилоъи манбаъ олимпиадаи мазкур аз санаи 1 – ум то 10 уми декабри соли 2023 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд баргузор мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар донандагони илмҳои дақиқ, ки дар давраи интихобии Олимпиада ширкат варзида, рейтинги баландро соҳиб шудаанд, ташкил медиҳад. Айни ҳол хонандагони тоҷик барои ширкат дар ин озмун омодагӣ дида истодаанд. Бояд гуфт, ки озмун аз се бахш санҷишӣ, назариявӣ ва таҷрибавӣ иборат буда, дар рӯзҳои гуногун доир мешавад. Довталабон аз рӯйи се фан – химия, биология ва физика имтиҳон месупоранд.

Дар Олимпиадаи байналмилалии «IJSO-2023» наврасони то 15 сола ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Маврид ба зикр аст, ки Олимпиадаи байналмилалии «IJSO-2023» аз соли 2004 – ум то инҷониб доир мегардад ва дар он ҳамасола намояндагони аз 54 то 70 давлати рӯйи дунё иштирок менамоянд.


Сарвинози Саидвалӣ

радиои “Тоҷикистон”