Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Масъалаҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба кори худ оғоз намуд.
Ҳадафи ҳамоиш таҳлилу арзёбии масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар мебошад. Дар кори мизи гирд намояндагони вазорату идора ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, олимон, мутахассисон ва коршиносони соҳавӣ ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат доранд.
Дар мизи гирд масъалаҳои гуногун, ба монанди дастрасии соҳибкории инноватсионӣ ба захираҳо ва қарзҳои имтиёзнок, монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар таъмини рушди ин намуди соҳибкорӣ, тамоюли афзоиши ҳаҷми маҳсулоти тавассути инноватсия истеҳсолгардида, вазъи татбиқи дастовардҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот ва тиҷоратикунонии он баррасӣ мешаванд.