Имрӯз 27 ноябри соли 2023 дар толори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи портали сайёҳии Тоҷикистон www.traveltajikistan.tj дар таҳрири нав баргузор гардидааст.
Дар ин бора сомонаи расмии ин Кумита хабар дода, менависад, ки Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иброз намудааст, ки портали миллии такмилёфтаи сайёҳӣ ин идомаи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муаррифии имкониятҳои бузурги сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвари азизамон мебошад.
Ба иттилои манбаъ, портали мазкур дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ҶДММ “Сомон Технолоджи” дар шакл ва тарҳи нав бо истифода аз равзанаҳои муҳими иттилоотию таблиғотӣ таҳия карда шудааст.
www.traveltajikistan.tj мазкур тамоми самтҳои фаъолияти сайёҳиии Тоҷикистонро фаро мегирад, ки як воситаи хуби иттилоотӣ барои сайёҳон ва алақамандони кишвар мебошад. Саҳифаи аввали портал бо навиштаҷоти «Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои абадӣ, чашмаҳои шифобахш, оби пок ва фарҳанги бостонӣ» бо тағйир ёфтани аксҳои ҷолиб бинанда ҷолибияти имконияи кишварро эҳсос мекунад.
Дар портал маълумоти пурра оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, минтақаҳо (ВМКБ, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва равзанаҳои иттилоотии зерин, аз қабили “Намудҳои сайёҳӣ”, “Хатсайрҳо”, “Чорабиниҳо/Ҷашнҳо”, “Дастур барои сайёҳ” (асъор, нақлиёт, меҳмонхона, раводид) ҷойгир карда шудааст.
Инчунин, дар он равзанаҳои алоҳидаи “Истисноҳои муфид”, “Тағйирёбии шароити обу ҳаво дар реҷаи онлайн”, “Тағйирёбии шароити қурби асъор дар реҷаи онлайн” ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки барои истифодабарандагон, бахусус сайёҳони хориҷӣ хеле муфид аст.
Портали сайёҳии Тоҷикистон бо 3 забонҳо тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шуда ва барои сайёҳони хориҷию дохилӣ нигаронда шуда, он ба смартфонҳо ва планшетҳо мутобиқ карда шудаанд.