Рӯзи 27 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникии Тоҷикистону Туркманистон бо суханони ифтитоҳии ҳамраисии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригулӣ Раҷабгулиевич оғоз гардид.
Дар ҷараёни кори ҷаласа тарафҳо оид ба иҷрои қарори баргузоргардидаи Ҷаласаи 11уми Комиссия, ки рузҳои 9-10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Ашқобод баргузор шуда буд, иттилоот доданд.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2022 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Туркманистон 2,9 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, дар муқоиса бо соли 2021 2. 4 маротиба афзоиш ёфтааст. Давоми моҳҳои январ-октябри соли равон бошад, ин нишондиҳанда 37 млн долларро ташкил дод.
Дар рафти кори Ҷаласаи Комиссия таъкид карда шуд, ки то ба имруз имкониятҳои истифоданашуда лар соҳаи иктисоду тиҷорат, техникиву илмӣ зиёланд, ки истифодаи босамари он метавонад моро ба дастовардҳо расонанд.
Масъалаҳои пешравӣ дар татбиқи Харитаи роҳ оид ба афзоиши гарлиши мол байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Туркманистон, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, беҳтарсозии вазъи экологӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи наклиёту саноат, меҳнат ва муҳочират, соҳаи варзиш ва сиёсати ҷавонон низ баррасӣ шуданд.