Ёздаҳумин даври Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ шуруъ карда, фардо низ идома хоҳад ёфт.
Ин бузургтарин конфронси сатҳи ҷаҳонӣ дар робита ба Афғонисто ба шумор меравад. Порсол низ Душанбе мизбони ин Конфронси байналмилалӣ буд.
Баргузоркунандагони Институти мутолиоти стратегии Афғонистон ва Маркази мутолеоти минтақа ва Афғонистони АМИТ мебошанд.
Раиси Довуди Муродиён раиси Институти мутолиоти стратегии Афғонистон ба расонаҳо гуфтааст, ки далели баргузории ин конфронс дар Тоҷикистон қабл аз ҳама ба талошҳои холисона ва дӯстонаи ҳукумати ин кишвар барои ҳалли сиёсии буҳрони Афғонистон аст.
Ба гуфтаи Муродиён, ҳудуди 120 нафар аз 25 кишвари минтақаву фароминтақа, намояндагон аз тамоми қишрҳои ҷомеа, аҳзоби сиёсӣ ва ақвоми кишвари Афғонистон дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ширкат доранд.