20 ноябри соли 1989 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдакро қабул намуд. Санади мазкур ҳуқуқҳои кўдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдакон пешбинӣ менамояд. Бо ҳамин мақсад имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон, бо иштироки намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҶТ Зулфия Абдусамадзода ва дигар намояндагони масъули вазорату идораҳо чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кудак ва шарикон рушд ташкил гардида, ҳадафи он пешбурди диди эҷодӣ, ҷаҳонии бештар ва муносибати одилона барои ҳар як кӯдак дар Тоҷикистон мебошад. Инчунин дар чорабинӣ зиёда аз 50 ҷавонони синнашон аз 14 то 24 синну сол барои муҳокима ва пешниҳоди як қатор тавсияҳо иштирок намуданд. Дар оғози чорабини Намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен баромад карда, иброз намуд, ки яке аз ҳуқуқҳои кудакону наврасон ин баёни андешаҳои онҳо мебошад ва мо имрӯз ҷамъ омадем то ки пешниҳоду ақидаҳои наврасону ҷавононро шунавем.
Дар идомаи чорабинӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҶТ Зулфия Абдусамадзода суханронӣ карда, қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҶТ ба ташвиш овардааст, ин истеъмоли ғизои солим дар байни хонандагон ва кудакони то синни 7 соларо дар бар мегирад. Масъалаҳои дигаре, ки дар байни кудаокон мавҷуд аст, ин фарбеҳӣ, қадпастӣ ва лоғарӣ мебошад, илова намуд Зулфия Абдусамадзода.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард. Имсол дар Тоҷикистон 30-умин солгарди тасвиби Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак таҷлил мешавад. Аз замони тасвиб дар соли 1993, ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ барои таъмини ҳуқуқ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдак дар кишвар якҷоя кор карда, таваҷҷӯҳи худро ба эҳтиёҷмандон бештар равона кардаанд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”