«Пешвои миллат, истиқлоли давлатӣ ва рушди илми тоҷик» – чунин унвон дорад, китоби тозанашри Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, ки санаи 21-уми ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон он рӯнамоӣ гардид.
Дар рӯнамоии китоби мазкур олимону академикони кишвар, директорони институтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки китоби болозикр имсол нашр шудааст ва мӯҳтавои он маҷмӯи мақолаҳои муаллифро дар хусуси рушду нумӯи илму маърифати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва даврони роҳбарии Пешвои миллат, саҳми эшон дар ташаккули илми муосирро дар бар мегирад.
Дар ҷамъомади мазкур олимони кишвар ва аъзоёни вобастаи Академияи миллии илмҳои кишвар маърӯзаҳои худро бар бораи китоби Фарҳод Раҳимӣ пешкаш намуданд. Аз ҷумла директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ Убайдулло Насруллоҳ назари худро дар мавриди бозёфтҳои илмии таърихи кишвар ва баррасӣ гардидани онҳоро дар китоби мазкур бо ироаи маърӯза қайд намуданд.
Муҳаммад Маъруфзода
радиои “Тоҷикистон”