“Садои мардум”: Даромади буҷети давлатӣ дар 9 моҳ 101,6 дарсад таъмин шуд (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла натиҷаҳои назарраси сафари расмии Сайид Иброҳим Раисӣ президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон, таҷлили солгарди қабули Конститутсия дар кишвар, сафарҳои кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои  Маҷлиси миллӣ,  матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 9 ноябр натиҷаҳои сафари расмии Сайид Иброҳим Раисӣ президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистонро бо нашри гузоришҳои муфассал бозтоб дода, менависад, ки дар ҷараёни ин сафар миёни ду кишвар як баёнияи муштарак ва 18 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки яке аз муҳимтарин тавофуқоти  имзошуда, бекор кардани раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон аст.

Дар баробари ин зикр мешавад, ки дар доираи ин сафар бо ҳузури раҳбарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳими Раисӣ ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамоишро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ карда, таъкид кард, ки масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин дар бораи захираи маъданҳо дар Тоҷикистон чоп карда, менависад, ки кишвари мо дорои захираи бойи на танҳо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишӣ, балки дигар канданиҳои фоиданоки стратегӣ мебошад.

Илҳомҷон Оймуҳаммадзода,  сардори Саридораи геологияи Ҳукумати Тоҷикистон ба ин нашрия гуфт, ки дар  нуҳ моҳи соли ҷорӣ Саридораи геология омӯзиши геологиро аз рӯи зиёда аз 30 лоиҳа дар конҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ,  ба анҷом расонда, айни замон корҳои геологии саҳроӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бомаром идома доранд.

Ба гуфтаи вай, дар доираи лоиҳаҳо аз ҷониби геологҳои тоҷик муҳимтарин конҳои маъдан омӯхта мешаванд, ба мисоли металлҳои нодир дар қитъаҳои Шазу, Миёнакӯҳ ва Дузахдара, ки дар онҳо  манбаъҳои лантан, серий, празеодим, неодим, самарий, европий кашф шудаанд.

Номбурда таъкид кард, ки хушбахтона имрӯз Тоҷикистон истеҳсолкунандаи тило, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи агрономиву сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумоари рӯзи 7 ноябр мақолаи Прокурори генералии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмонро бо сарлавҳаи «Нақш ва аҳамияти Конститутсия дар ташаккули қонунгузории Тоҷикистон»  чоп намудааст. Муаллиф дар мавриди зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, изҳор доштааст, ки дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ зарурати ба Конститутсия ворид намудани тағйироти  ҷавобгӯ  ба  муносибатҳои  нави ҷамъиятӣ ба вуҷуд меояд.

Аз ин рӯ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Ин тағйиру иловаҳо, дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам мукаммал гардонида, ҷомеаи Тоҷикистонро ба марҳалаҳои навбатии инкишофи худ роҳнамоӣ намуданд, таъкид кардааст Юсуф Раҳмон.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 8 ноябр хабар дод, ки ахиран дар Маҷлиси намояндагон дар мавриди иҷрои Буҷети давлатии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Маҳмадалӣ Қурбонзода раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии  кишвар дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ ба 89,9 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,3 баробар шуд.

Дар баробари ин, дар ин ҷаласаи парлумон Файзиддин Қаҳҳорзода Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ дар сатҳи 101,6% таъмин гардида, воридоти маблағ 30,5 млрд. сомониро ташкил дод. 

Ҳамзамон ба гуфтаи Вазири молияи Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҷиҳати амалӣ намудани 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 284,7 млн. доллар 15 созишномаи нави қарзию грантӣ ба имзо расид. Зикр мешавад, ки аз ҳаҷми умумии маблағҳои ҷалбшуда  92,4% кумакҳои молӣ ҳастанд. 

Дар идомаи ин мавзуъ Файзиддин Қаҳҳорзода ҳамзамон зикр кард, ки дар ин муддат аз буҷаи давлат барои пардохти қарзҳои беруна 212,3 млн. доллар ҷудо шуд. Инчунин ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи қарзи дохилии давлатӣ низ  603,7 млн. сомонӣ пардохт карда шуд.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар медиҳад, ки дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллӣ 32 масъала баррасӣ шуд. Аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ қарори инчунин иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъро баррасӣ ва тасвиб карданд. 

Тибқи ин қарор,  деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ ба Заҳматобод,  бархе дигар маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеъ, аз ҷумла деҳаи Саъдуллои Шариф ба деҳаи Шарифобод, деҳаи Рамазон Файзов ба Боғи Нав, деҳаи Ҳасан Қурбонов ба Ҳасанобод,  деҳаи Ҳамид Баротов ба Ҳамидобод, деҳаи Арал ба Хушобак, деҳаи Туғай ба Туғистон, деҳаи Элмурод Хоҷаев  ба Гулмайдон, деҳаи  Охҷар ба Сурхдара, деҳаи Истиқлол ба Дашти Боло ва деҳаи Боронқул ба Боронкӯл иваз карда шуд.

Зарурати иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, пеш аз ҳама, мутобиқат сохтани номҳо  ба талаботи қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дониста шуд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 8 ноябр дар саҳифаи аввали хеш акси президентони Тоҷикистон ва Эронро чоп карда навиштааст, ки аз 175 млн доллар тиҷорат то бекор шудани раводид, ин натиҷаи сафари расмии Иброҳим Раисӣ ба Душанбе аст. Муаллиф таъкид мекунад, ки дар миёни 18 санади нави имзошуда, бидуни шак бекор шудани раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон дастоварди муҳимтарин дар равобити миёни Душанбе ва Теҳрон  аст. 

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” инчунин ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола 10 ноябр таҷлил мешавад, мақолае бо номи “Милитсияи Душанбе. Коҳиши ҷинояткорӣ, таъмини субот, дастовардҳо дар рақам” нашр кардааст.

Муаллифи матлаб Бароталӣ Ҳамидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе менависад, ки солҳои охир бо ҷасорати кормандони милитсияи пойтахт якчанд гурӯҳҳои ҷиноятии нашъаҷаллоби трансмиллӣ ошкор ва аъзои он боздошт шудаанд. Аз ҷумла давоми соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар умум 338 килограмм воситаҳои гуногуни нашъадор кашф ва мусодира шуд.  

Инчунин ба гуфтаи Ҳамидзода, соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе 542 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда дастгир карда шудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта зиёд буда, дар сатҳи ҷумҳурӣ низ назаррас арзёбӣ мегардад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 9 ноябр бо нашри мақолаи таҳилие, масъалаи тамбашавии нақлиёт дар пойтахтро матраҳ кардааст. Муаллиф дар ин замина аз қавли коршиносон гуфтааст, ки ягона роҳи ҳали муассир барои аз байн бурдани тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе ин танзими шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ аст.

Аз ҷумла ба гуфтаи Ҷаҳонгир Пиров устоди Донишгҳоҳи техникии Тоҷикистон, шумораи микроавтовусҳо дар хатсайрҳои  нақлиёти ҷамъиятии  пойтахт бояд бо талаботи воқеъӣ ба ин намуди нақлиёт мутобиқ бошад.

Дар и замина  таъкид мешавад, ки зарур аст, то  муассисаи давлатии  “Шаҳри ҳушманд”  миқдори нақлиёти ҷамъиятиро вобаста ба талаботи рӯз танзим кунад.  Бар асоси омори расмӣ дар пойтахти кишвар айни замон  623 автобус, 104 тролейбус, 1557 микроавтобус ва 4350 таксӣ фаъолият дорад.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”