Дар таърихи театри тоҷик баргирифта аз достонҳои “Шоҳнома” – и заволнописанди Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ намоишҳои диданиву мондагору пурмаънӣ бешумор гузошта шудааст, балки роҷеъ ба рӯзгори ин пири хирад – Фирдавсии Тусӣ ҳам аз рӯйи романи ҳамноми нависандаи камназири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода дар таҳияи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов рӯйи саҳнаро дида буд. Ин анъана, яъне кор гирифтан аз достонҳои “Шоҳнома” – ро ин бор коргардони маҳбуби театр Нозим Меликов идома бахшид.
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов (Аҳорун) достони “Пирсар” баргирифта аз таркиби достони “Зол ва Рудоба” – и Ҳакими сухан Абулқосим Фирдавсӣ манзури мухлисону ҳаводорони театрӣ карда шуд. Аз дарунсӯйи “Шоҳнома” ба мо маълум аст, ки қиссаи дур шудани Зол аз асли хеш дар чӣ рӯзгоре иттифоқ меуфтад.
Зол – ҷавоне, ки аз модар бо мӯйи сафед ба дунё меояд ва дар аҳди навзодӣ падар зиштрӯяш хонда, аз писараш рӯй мегардонад ва амр мекунад, ки аз хонадонаш дур афканандаш. Зол дар оғӯши Симурғ – рамзи хираду зиндагӣ ва некукешӣ парвариш меёбаду ба воя мерасад. Чун булуғ мешавад, Сом – падараш, ки дар аҳдаш аз ӯ рӯй тофта буд, аз кардаи хеш пушаймон шуда, ҷигаргӯшаашро назди худаш мехоҳад. Дар ин достон таззодҳои мухталифу гардишҳои пурпечутоби рӯзгор бешуморанд.
Бо ҳамин минвол Зол ба хонадони падараш баргашта, дар ин миён ба Рудоба – духтари Меҳроб аз табори Заҳҳоки хунхор ошиқ мешаваду дил мебандад. Аммо падару модари ҳарду, Шоҳ Манучеҳр, мӯъбадону канизон, дарбориёну дигарон ҳама муқобили ишқи онҳо мешаванд. Омили ин зиддияти мудҳиш тафовути нажоду мазҳаб, расму ойин ва дину бовари онҳо далел оварда мешавад. Вале Золу Рудобаи дилфигори муҳаббати пок аз ишқашон нагузашта, бо талошу хиради воло ба ҳам мерасанду кинатузиҳову кори нажоду ойину мазҳабро барҳам мезананд.
Асари мазкур дар гунаи асл – назм рӯйи саҳна гузошт шуда, дар он қаҳрамонҳои марказии достон: ровӣ, Зол, Рудоба, Сом, Синдӯхт, Меҳроб, Манучеҳр, доя ва дигарон инъикос ёфтаанд. Бояд гуфт, ки қиссаи “Зол ва Рудоба” бо номи асли достон дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар низ дар коргардонии Баҳром Қурбонзода дар баргардониши Ҷумъа Қуддус ба шакли наср таҳия шуда буд ва дар “Парасту” – и соли 2023 низ ширкат варзид.
Намоиши “Пирсар” ба нигоҳи дигари коргардонӣ ин навбат манзури ҳаводорони театр гардид.
Таҳияи Лутфуллои Азиз
