Ҳамасола, рӯзи 27-уми октябр дар саросари ҷаҳон аз ҷониби ҷудоихоҳони кашмирӣ “Рӯзи сиёҳи Кашмир” таҷлил карда мешавад. Таҷлили “Рӯзи сиёҳи Кашмир” бо мақсади ифодаи якдилӣ ва дастгирӣ ба халқи Кашмир дар муборизаашон барои ҳукуқи худмуайянкунӣ қайд карда мешавад.
Кашмир рамзи ҷуғрофии “Биҳишт дар рӯи замин” аст. Аммо дар айни замон ин минтақа барои аҳолии мусалмонаш “Ҷаҳаннам дар рӯи замин” мебошад. Муборизаи истиқлолияти Кашмирӣ рӯзи 13 июли соли 1931 оғоз шуд. Мардуми зиёди кашмирӣ дар зиндони марказии Сринагар барои шоҳидии мурофиаи Абдулқодир, як раҳбари Кашмир, ки садои худро алайҳи зулми Догра баланд карда буд, ҷамъ омаданд. Дар ҷараёни мурофиа, губернатори Догра ба сарбозонаш фармон дод, ки ҷавононро тирандозӣ кунанд. Сарбозон 22 ҷавони кашмириро паронданд. Ин ҳодиса ҳамчун рамзи эҳтироми Кашмириён ба Ислом, устувории онҳо дар баробари мушкилот ва азми беинтиҳо дар таърих ворид шуд. Дар тақсими нимҷазира, ки соли 1947 сурат гирифт, ба кашмириҳо ҳуқуқи одилонаи худмуайянкунӣ дода нашуд ва 27 октябри ҳамон сол аскарони истилогари Ҳинд ба Сринагар дар асоси “Шаҳодатномаи ҳамроҳшавӣ”, ки гӯё аз ҷониби Кашмир имзо шуда буд, вориди Кашмир шуданд. Дар ин бора иқтибосҳо аз номаи генерал-губернатори Ҳинд аз 27 октябри соли 1947 ба Маҳараҷаи Кашмир хондани ҷолибро ба вуҷуд меоранд: “Мактуби Аълохазратро аз 26 октябр ба ман ҷаноби В. Менон. Дар шароити махсусе, ки Аълоҳазрат қайд намуд, Ҳукумати ман карор дод, ки ба Доминиони Хиндустон ҳамроҳ шудани Кашмирро кабул кунад. Масъалаи ҳамроҳшавӣ бояд мувофиқи хоҳиши мардуми ин давлат ҳал карда шавад. Ҳарчи зудтар дар Кашмир тартиботи қонунӣ барқарор карда шуда, хоки он аз истилогар тоза карда мешавад ва масъалаи ҳамроҳ шудани давлат бояд бо хоҳишу иродаи халқ ҳал карда шавад. Дар ҳамин ҳол, дар посух ба муроҷиати Аълоҳазрат дар бораи кумаки низомӣ имрӯз ба Кашмир нерӯҳои артиши Ҳинд фиристода мешавад, то ин ки онҳо аз қаламрави шумо дифоъ намуда, барои ҳифзи ҷону мол ва шаъну шарафи мардуми шумо чора андешиданд…. …”
Сарфи назар аз таҳқиқоти мӯътамад, ки ин номаҳо пас аз ворид шудани артиши Ҳинд ба Кашмир навишта шуда буданд ва Маҳараҷа аз имзои номаи ба ӯ тааллуқдошта худдорӣ кардааст. То ҳол он як далели муътамад боқӣ мемонад, ки қабули генерал-губернатори Кашмир дар бораи ҳамроҳшавии Кашмир муваққатӣ буд ва ба ҳалли ниҳоӣ тавассути муайян кардани иродаи мардум вобаста буд.
Аз соли 1931 то ба ҳол 92 сол сипарӣ гардидааст, аммо ба таври муъҷизавӣ рӯҳияи мардуми Кашмир дар муқобили тақрибан 700,000 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳиндустон, ки дар саросари Кашмири ишғолшудаи Ҳиндустон паҳн шудаанд ва дар нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар иштирок мекунанд, зинда аст. Аз соли 1989 инҷониб нерӯҳои ишғолии Ҳиндустон дар IIOJK 96148 нафарро ба қатл расониданд. (Аз ҷумла 7274 нафарашон куштори зиндонҳо мебошанд). Беш аз 110 ҳазор иншоот хароб карда шуданд, 165400 ғайринизомӣ ҳабс карда шуданд. Ҳамзамон, 22950 зани бешавҳар ва 107880 кӯдакон ятим монданд. Ин ҷиноятҳои ҷангӣ/ Поймолкунии ҳуқуқи башар аз ҷониби нирӯҳои ишғолии Ҳиндустон ва рад кардани ҳуқуқи худмуайянкунии Кашмирҳо дар тӯли ҳафт даҳсолаи охир, сарфи назар аз қатъномаҳои СММ, саволҳои ҷиддиро дар бораи виҷдони ҷомеаи ҷаҳонӣ ва инчунин Созмони Милали Муттаҳид ба миён меорад. Амали ғайриинсонии кушторҳои ғайриқонунии судӣ ва баъдан рад кардани ҳуқуқи хонаводаҳо барои дафни наздикони худ аз ҷониби нерӯҳои амниятии Ҳинд, инъикосгари нафрати ғайрифаъолонаи онҳо ба аҳолии мусалмони Кашмир аст.
Минбаъд пас аз лағви моддаҳои 370 ва 35А дар соли 2019, таҳти роҳбарии Моди Ҳиндустон ба шикасти иқтисодӣ ва молиявии IIOK оғоз кард. “Биҳишт” дар рӯи замин сайёҳонро надидааст, корхонаҳо хароб шудаанд, муассисаҳои таълимӣ баста шудаанд, донишҷӯён ва ҷавонон ба осеби равонӣ дучор мешаванд. То ба ҳол рӯҳияи мардуми Кашмир устувор боқӣ мондааст.Вақти он расидааст, ки СММ ва ҷомеаи байналмилалӣ иҷрои қарорҳои СММ-ро таъмин кунанд ва ба Кашмир иҷозат диҳанд, ки дар бораи ояндаи худ тавассути «Ҳуқуқи худмуайянкунӣ» тасмим бигиранд, вагарна эҳтиол аст, ки ҷомеи ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик шоҳиди фоҷеаи дигари башарӣ мисли Ғазза шавад.