Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмиллалии универсалии ‘Тоҷикистон – 2023 ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ташаббуси Палатаи савдову саноати мамлакат ба кори худ оғоз намуд.

Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар, рушди ҳамкориҳои иктисодӣ-хориҷӣ, ёфтани шарикори ҳамкор ва дарёфти бозори нав мебошад. Дар намоишгоҳи мазкур зиёда аз 50 ширкати ватаниву хориҷӣ молу хизматрасониҳои худро пешниҳод намуданд.

Ширкатҳои хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Белорус, Туркия, Чин, Покистон ва Эрон буданд ва ин як имкони хубе аст барои аз наздик дидану ошно шудан бо фаъолият корхонаҳо, муколамаи озоди соҳибкорон, пешниҳоди ҳамкориҳои муштарак.

Дарҳакикат солҳои охир барои муаррифии сазовори молу маҳсулот ва хизматрасониҳо дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ба вазорату идораҳо дода шуда буд, зеро барои мавқеъ пайдо намудан дар бозор пеш аз ҳама муаррифӣ муҳим аст.

Ширкаткунандагони намоишгоҳ бо итминон мегуфтанд, ки аллакай дар намоишгоҳҳои ватаниву хориҷ аз кишвар иштирок намудаанд ва маҳсулоти Тоҷикистон бо сифати аълои худ ва аз ҷиҳати эеэкологӣ тоза будан метавонад таваҷҷуҳи харидорро ба худ ҷалб наиояд.

Намоишгоҳи универсалии ‘Тоҷикистон -2023″то 29 октябри соли равон дар Маркази намоишгоҳҳои байналмиллалӣ (собиқ Манеж) давом меёбад ва шаҳрвандону меҳмонони ҷумҳурӣ метавонанд аз он дидан кунанд.